Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Дили солим – Фарди солим»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ибтикори Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 - «Соли фарди солим» эълон гардидааст. Дар ин радиф бо ташаббуси Раёсати тандурустии вилоят ва Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд аксияи «Дили солим-фарди солим» бо иштироки табибони марказ, шахсони муолиҷагардида ва сокинони Хуҷандшаҳр дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД «МФТ «Калъаи Хуҷанд» баргузор гардид.  

Табибони марказ Маҳмудов Ҳ., Саломов А. ва дигарон оиди пешгирии бемориҳои шараёнии дил ва муолиҷаи он суханронӣ намуданд.  Ҳамчунин кӯдаконе, ки ин бемории вазнинро аз сар гузаронидаанд, ба саҳна даъват гардида, барояшон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки мувофиқи барномаи чорабинӣ ба таври ройгон ба аҳолӣ ҳуҷраҳои махсуси муоина, СБД (ЭКГ), ТУС (УЗИ) хизмат мерасониданд.

Барои хоҳишмандон тановули қаҳва ва шириниҳо ташкил гардида буд. Барои болидахотирии иштирокчиён ва рангин гардидани чорабинӣ ҳофизони мумтози «Садои Хуҷанд» Анвар Қосимов,  Олим Воҳидов, Икром Исломӣ, Гулнора Абдуллоева сурудҳои дилнишин сароиданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Дили солим – Фарди солим»
Scroll to Top