Имрӯз кишвари моро бо шарофати Конститутсия ва он ормонҳое, ки халқи мо баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароте, ки дар он санади ҳуқуқии тақдирсоз зикр гардидааст, ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд.
Конститутсия санади муҳими сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому осоиштаро муайян мекунад. Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум хусусан наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем”.
Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳс бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Бесабаб нест, ки Конститутсияро бахтномаи миллат мегӯянд. Бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳанегию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Конститутсия – санади муқаддас ва тақдирсоз” баргузор гардид.
Сароғоз конфронсияи илми бо сухани ифтитоҳи Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов оғоз гардида, ҳозиринро бо ин санаи муқаддас табрику муборакбод намуданд.
Дар чорабинии мазкур Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Ҷабборзода Иброҳим Раҳмат - декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадӣ Дилноз Изатуллозода – Сардори шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилояти Суғд, омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров - факултети таърих ва ҳуқуқ, омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ факултети сиёсатшиносӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум, кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва Олимова Нодира – ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Бигзор, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеше қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Сайфиева Шарифа- мудири шӯъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа