Санаи 01- ноябри соли 2024 ҷиҳати тарғиби Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хучанд” чорабини баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонони болаёқати кормандони ташкилотҳои давлатӣ барои таҳсили солҳои 2025- 2026 ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва ҳамқадамӣ ба шароити муосир, ҳамчун ташкили шароитҳои мусоид дар ҳошияи рушди сиёсати ҷавонон равона гардидааст. Яъне таълим ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат дар мақомотҳои давлатӣ яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, чорабинии мазкур дар саъю талоши тарғиботӣ бо азму иродаи қавӣ ва бо зақи баланд илму донишҳои муосирро аз худ мекунад, сатҳи баланди касбӣ дар таҳкими пояҳои давлат саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”