Ҳамасола тибқи нақшаи пурракунии маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз ҷониби шӯъбаҳои таърих ва таърихи давраи муосир камиссияи харидории назди маъхази Осорхона баргузор мегардад. Санаи 24.10.2024 камиссияи навбатии харидорӣ баргузор гардид, ки дар он 11 нафар аъзоён иштирок намуданд. Дар камиссияи мазкур аз тарафи кормандони илмии шӯъбаҳо аз шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд 120 адад ашёҳои аҳамияти таърихӣ дошта ҷамъоварӣ гардида, он харидорӣ карда шуд.
Ашёҳои мазкур аҳамияти таърихӣ – фарҳангӣ ва этнографӣ дошта, ба давраи қадим, асрҳои миёна, давраи шӯравӣ ва замони муосир мансуб мебошад ва барои ғанигардонии коллексияи соҳавии махзани Осорхона, баргузории намоишҳои осорхонавӣ ва сайёр судманданд.
Ҳамчунин, дар ҳамин сана камиссияи ашёҳои таърихие, ки аз тарафи шаҳрвандон ба тариқи ройгон қабул гардидааст, гузаронида шуд. Миқдори ашёҳо 50 адад буда, аҳаммияти бойи таърихӣ доранд.
Аз ин лиҳоз роҳбарияти муассиса ва кормандони илмии Осорхона ба ин шаҳрвандон миннатдории худро иброз менамоянд.