Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозёфти давраи мезозой

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз санаи 19 то 29 октябри соли равон экспедитсияи муштараки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар шимоли Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбарии экспедитсияи муштарак Скучас Павел Петрович – профессор, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи зоология ва сутунмуҳрадорони Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург, ҳайатони экспедитсия Гимранов Дмитрий Олегович (ИЭРиЖ УРО РАН), Кузмин Иван Тимурович (СПбГУ), Сҷрометпинова Елена Владимировна (ПИН РАН), Колгинов Вениамин Вадимович (СПбГУ), Солодикин Дмитрий Владимирович (ИЭРиЖ УРО РАН), Подлесков Дмитрий Андреевич (ПИН РАН), Набиев Умедҷон Мардонқулович – магистранти Институти зоология ва  паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намоянда аз вилояти Суғд мудири шуъбаи нуқтаи такягоҳи Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ходими калони илмӣ, номзади илмҳои биология, эколог моҳишинос – Каримов Ғафурҷон ҳамроҳӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар рафти экспедитсияи муштарак дар  якчанд мавзеҳои тадқиқшаванда корҳои ҷустуҷӯи гузаронида, якчанд бозёфтҳо ба даст оварда шуд. Аз ҷумла қисмати болоии сангпушт ва қисмати устухони динозавр аз шаҳраки Консойи вилояти Суғд дарёфт карда шуда, бозёфтҳо ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тақдим гардид, ки барои муаррифии табиати диёр муҳим арзёбӣ мешавад. Роҳбари гуруҳи экспедитсияи муштарак Скучас Павел Петрович аз рӯи ҷадвали тасдиқкунанда бозёфтҳо таърихи 85 миллионсоларо исбот мекунад.

Олимова Нодира – ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозёфти давраи мезозой
Scroll to Top