Истиқлолияту озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.
Эмомалӣ Раҳмон
Эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик мебошад. Бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кор дар давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанги мамлакат, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои тадқиқоти илмию амалӣ гузаронида шуда, хулосаҳои амиқу дақиқ пешниҳод гардиданд. Дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон корҳои эҳё ва барқарорсозии қалъа ба роҳ монда шудану ва дар раванди он нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда шуданд.
Натиҷаҳои кофтуковҳои археологӣ ва бозёфтҳои нодире, ки пайдо гардиданд, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки воқеан ҳам Қалъаи Хуҷанд дороӣ таърихи хеле куҳан буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик муҳим мебошад.
Маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд таърихи зиёда сеҳазорсола дошта, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор кард шуд. Дар асоси лоиҳаи пешниҳодгардида деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаи ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шуданд. Аз ҷумла, 8 растаи ҳунармандон мутобиқ ба талаботи замон ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ кулолгарӣ, кундалнигорӣ, қолинҳои дастӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, либосҳои миллии мардонаю занона, атласу адрас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои милли мусиқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Санаи 11 апрели соли 2024 дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қалъаи Хуҷанд ҳусни ифтитоҳ ёфт.
Аҳли илму фарҳанги кишвар ин рӯйдоди муҳимро чун ҷашни бузург истиқбол намуданду барои абадӣ гардонидани он мекӯшиданд ,тавассути мақолаву навиштаҷотҳои худ саҳм гузоранд. Хушбахтона Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба аҳли илм, адаб ва фарҳанги вилоят дастур доданд, то раванди барқарорсозӣ, намудҳои ҳунарварӣ ва шахсони масъулу шарҳи ҳоли эшонро ҷамъ намуда, бо изофа кардани таърихи мухтасари Хуҷанду Қалъаи таърихии он дар шакли китоби алоҳида нашр намоянд. Дар натича китоби “Хуҷанд ва қалъаи таърихии он” чун армуғони ҷашнӣ ба муносибати 30 – солагии Конститутсия ва сохтори президентӣ интишор гардида бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нашр гардид.
Дар ин китоб бештар қайдҳо аз кутуби таърихӣ, солномаҳо ва сабти суҳбатҳо бо олимони машҳур фароҳам омадааст, оид ба номи шаҳр, қадима будани он, макони нахустин сокинони муқимӣ маҳсуб шуданаш, сабабҳои ба вуҷуд омадани дижи шаҳр, борҳо бо хок яксон шудани шаҳр ва минбаъд боз обод гардидани он, оид ба сарчашмаҳои хаттию бостошиносӣ ва ғайра фикру мулоҳизаҳои муаллиф баён шудааст.
Барои ҷамъу тадвини китоби мазкур Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, Китобхонаи вилоятии оммавӣ ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вазифадор шуда, дар тӯли муддати начандон дароз онро ба сифати матбуъ ба нашр омода сохтанд. Китоб, на танҳо барои хуҷандшиносӣ ва таърихи вилояти Суғд, балки барои дарёфти мавод ба баъзе давраҳои таърихи халқи тоҷик ва халқҳои Осиёи Марказӣ, масоили шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ, маданият, фарҳанг ва адабиёти ҷаҳон муҳим арзёбӣ мешавад.
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои дастрас намудани чунин китоби ҷадиди таърихию фарҳангӣ, ки дастраси омма гардид, ба Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода арзи сипос менамояд.
Нодира Олимова - ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ