Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳавлии тоҷир

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шаҳри Хуҷанд аз мавқеи ҷуғрофӣ, табии ва захираҳои фойданок бой буд ва дар роҳи тиҷорат байни кишварҳои Шарқу Ғарб ҷойгир буд. Аз давраҳои қадим  сокинони он ба тиҷорат ва савдо сарукор дошта,  бо роҳи обӣ бо роҳи корвони ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Шарқи Дур ва Чин, кишварҳои қисми аврупоии Русия ва ғайраҳо алоқаи хуби тиҷоратӣ барпо намуда буданд. Аз рӯи маълумотҳо тоҷирон дар ин минтақаҳо дӯконҳои тиҷоратӣ дошта, бештар ба интиқоли хушкмева, ашёҳои хом, матоъҳои абрешимӣ ва пахтагӣ, маҳсулотҳои пӯсту мӯина, масолеҳи рангубор машғул буданд.

Тоҷирони хуҷандӣ, инчунин дар ярмаркаҳои анъанавӣ, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия баргузор мешуд, иштирок намуда дар он  молу маҳсулот хешро ба фурӯш бароварда бар ивазаш  аз молу маҳсулоти дар ин ярмарка пешниҳодгашта харидорӣ менамуданд.

Соли 1898 баъди бунёди роҳи оҳани Тошканд – Андиҷон муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Русия боз ҳам ривоҷи дучанд ёфт.

Дар шаҳр пас аз ворид шудан ба ҳайати Русияи подшоҳӣ табақаҳои иҷтимоие пайдо шуданд, ки онҳоро аз рӯи шуғли тиҷоратии пешакардаашон ”московачӣ” шахсоне, ки бо шаҳри Москва алоқаҳои тиҷоратӣ доштанд ва “вагончӣ” шахсоне, ки ба интиқоли ғалладонагиҳо бо воситаи вагон аз  дигар кишварҳо сару кор доштанд, меномиданд.

Аз рӯи маълумоти оморӣ соли 1873 116 нафар тоҷирони калон ба рӯихат гирифта шуданд, ки шаҳриён онҳоро “дӯконшин” ва табақаи дигари аҳолиро, ки бо тиҷорати калони хориҷӣ машғул буданд ”корвон”  меномиданд.

Молу маҳсулот аз кишвари Чин низ ба Хуҷанд ворид карда  мешуд. Намунаи бисёри ашёи рӯзгори истеҳсоли Чинӣ, ки аз байни аҳолӣ ҷамъоварӣ гардидааст, дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфуз мебошад, ки гувоҳии ин гуфтаҳост.

Дар шаҳри Хуҷанд ду кӯчаи Боён мавҷуд буд. Яке дар минтақаи Чоршанбе (имрӯза кӯчаи Мақсудҷон Танбӯрӣ) ва дигаре дар маҳаллаи Ҳоҷаи Моҳрӯ. Аксари аҳолии шаҳр дар шаҳр ҳавлиҳо дошта бошанд ҳам, аммо  заминҳои кораму ҳосилхези низ доштанд, ки  дар гирду атрофи шаҳр ҷойгир буд, онҳоро барои ривоҷу равнақи фаъолияти тиҷоратии худ васеъ истифода мебурданд.

Одатан хонаи бойҳои Хуҷандро таърихшиносон дар таҳқиқотҳои илмиашон бештар чун ҳавлӣ – хоҷагии калон таҳлил намудаанд. Аз рӯи асарҳои илмии олимон масоҳати ҳавлии бойҳо то 25 садяки (сотик) гектар ва аз ин беш тавсиф намуда, қисмҳои таркибии онро мавриди таҳлил қарор доданд.

Ҳавлии бой аз ду қисм- ҳавлии дарун бо масоҳати 434,33м/кв ва берун бо масҳати 236,03м/кв ба инобат гирифта шуд. Дар Қисмати дарунӣ 670, 36м2 занона ва кӯдакон рӯз мегузарониданд, дар қисмати берунӣ ҷойи рӯзгузаронӣ ва қабули меҳмонони мардина ба ҳисоб мерафт. Дар ҳарду қисми ҳавлӣ саҳни ҳавлӣ замини киштукори наздиҳавлигӣ дошт. Дар қисмати хонаи даруни ҳамаи иншоотҳои рӯзгор - ошхона, анбор, танӯрхона, лавозимотҳои талаботи ҳаррӯзаи рӯзгор мавҷуд буд. Бештар мувофиқи имконияти ҳудудии ҳавлӣ, дар қисмати занона ду хона бо даҳлез, айвон (ё пешайвон), шиппанг ва дигар хонаҳои номбаркардаи ёрирасон мавҷуд буд. Ҳавлии дарунӣ, ки “кошона” ном мебурданд аз ҳавлии берунӣ бо девор ё хонае дар мобайни ҳавлӣ барои мардон ҷудо карда мешуд.

Ҳавлии беруна, аксар васеътар ва саҳнаш калонтар буда дарахтони мевадиҳанда, полиз ва гулзор дошт. Ҳавлиҳое низ буданд, ки баръакс қисми дарунӣ (дохилӣ) нисбат ба берунӣ васеъ буданд ва ҳамаи корҳои полезӣ дар дохил буданд.

Дар қисмати даромади ҳавлӣ дар чорчӯбаи дарвоза мехи калон ”калламех” кӯбидамешуд, ки он барои бастани лаҷоми шутурони саворӣ, асп ё маркаб истифода бурда мешуд. Дарвозаи даромадгоҳи хонаи шахси доро  одатан  дутабақаи буда аз тахтаҳои тунуку васеъ сохта мешуданд ва нақшунигори мураккаб доштанд, ки ингуна дарҳоро дарҳои бағдодӣ меномиданд.  Дар баъзе ҳавлиҳо  болохона низ мавҷуд буд, ки барои қабули меҳмони ҷинси мардинаи кори таҷилӣ дошта ва ё анборхона истифода мешуда, бунёд мегашт. Аз қисмати беруни ҳавлӣ шафати дари даромад курсӣ-харак дар девор васл карда мешуд, ки вазифаи он меҳмони муваққатӣ омадаро ба як лаҳза сӯҳбат даъват кардан буд. Дар дохили дарвозаи болопӯш ё дар ҷои муқарраргаштаи қисми ҳавлӣ аробаи маркаб, асп гузошта мешуд.

Хонаҳои ҳавлии беруна аз 3-4  хона, пешайвон, ки барои зиннати намои иморатҳои гирдогирди ҳавлии берун ва эминӣ аз газанди назари бад, инчунин барфу борону тобиши Офтоб ва баҳри бақои биноҳо хизмат мекунад, айвон, меҳмонхона, ҷилавхона, оғил, анбори масолеҳии тиҷоратӣ (савдо), таҳхона (заминкан), болохона дар болои дарвоза, меҳмонхона иборат буд.

Дар дохили ҳавлии доро, хусусан тоҷирон дар қисми мардона, дар қисмати боғи ҳавлӣ ҳавзи пуроб ва атрофи он бо бед, сиёҳбед иҳотакардашуда бунёд мекарданд. Зеро тоҷирон дар тамоми ҳудуди Осиёи Миёна ва берун аз он (Аштархон, Урунбурунг, Тоболск,  Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра) алоқаҳои тиҷоратӣ, савдои гардиши молӣ доштанд.

Ҳар як сарватманд дар хонаи худ аз ашёҳои пурарзиши рӯзгор, таҷҳизотҳои пешрафтаи онвақта аз қабили патефон, қандилу лампаҳои керосинӣ ва фонусҳои рӯшноидиҳандаро дар саҳни ҳавлиҳо насб карда буданд васеъ истифода мебурданд. Ҳамчунин, бояд зикр намуд сарватмандон аз извош (фойтун)  низ истифода намуда,  дар хонаҳои худ якчанд хизматгорҳо доштанд, ки  ҳар кадоме вазифаи худро дошт.

Бо чунин мақсад ва нишон додани ҳавлии тоҷир барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихи “Қалъаи Хуҷанд” намунаи ҳавлии тоҷир сохта шудааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз он дидан мекунанд. Инчунин, дар токчаҳои хонаҳо 175 адад ашёҳои (экспонатҳо) қадима аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта шудааст, ки ба он ҳусни дигар бахшидааст.

Исҳоқӣ Фаридахон – сармуҳофизи фонди Осорхонаи

таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲавлии тоҷир
Scroll to Top