Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ярмарка - намоиши гулҳои ороишӣ бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид. Ҳамчунин муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва анбӯҳи зиёди мардуми маҳаллӣ бо мақсади шиносоӣ бо навъҳои гул ва муассисаҳову гулпарварони вилоят ширкат доштанд.
Ҷамъомадагон ва гулпарваронро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо идҳои баҳорӣ бори дигар табрик намуда, ҳамагонро баҳри боз ҳам ободсозии маҳалла, шаҳр ва вилояту ҷумҳурӣ даъват намуданд, зеро имсол «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» эълон гардидааст.
Дар рафти боздид аз намоиши гулҳо Раиси вилоят ва меҳмонону сокинони Хуҷандшаҳр бо навъу намуди гулҳои аз ҷониби гулхонаҳо ва соҳибкорони гулпарвар пешниҳодгардида шинос шуданд. Навъҳои гулҳои мавсимии «петуния», «марҷонгул», «вербана», «астра», «лола», «катарантус», «магнолия» ва гулҳои хонагии «дерово счастья», «чёрный принс», «геран» аз ҷумлаи маҳсулотҳои зебоиофар ва серхаридортарини намоишгоҳ буданд.
Дар чорабини наздик 50 муассисаҳои гулпарвар иштирок дошта, маҳсулотҳои худро пешниҳод намуданд ва фаъолтарини онҳо гармхонаи «Баҳористон» ва ҶДММ «Гулафшон» буданд. Танҳо гармхонаи «Баҳористон» бо роҳбарии мутахассиси варзида Шодибеков Абдусалом тавонист 3000 гулҳои мавсимиву хонагиро ба харидорон пешниҳод намояд. Лозим ба ёдоварист, ки гулпарварони ин даргоҳ дар кори ободонии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» саҳми бузург доранд.
Намояндагони масъули шаҳру навоҳӣ дар ин чорабинӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои гулпарвар ҷиҳати харидории гулҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда шартномаҳо баста, аз ин иқдоми роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ намоиш, фурӯш ва муаррифии навъҳои гуногуни гулҳо, ки дар гармхонаҳои вилоят парвариш меёбанд, ба шумор мерафт.