Санаи 17- октябри соли 2024 дар доираи ҳошияи сафари корӣ дар вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд, ҳайати гуруҳи меҳмонон бо сарварии ҷаноби Тошихиро Аикӣ- сафири фавқуллода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ошнои бо таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Ҳайати меҳмонони воломақомро Раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Фирдавс Шарифзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Дар саҳнаи даромадгоҳи қалъаи таърихӣ, шахсан Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳимов Иброҳимҷон бо самимияти неки меҳмоннавозӣ пешвоз ва хайру мақдам гуфт.
Сониян, Мирзоева Иноятхон - роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд сайри илми гузаронида бо намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ, санъати тасвирӣ, маводҳои нодири халқи тоҷик ва дар бораи ёдгориҳои таърихии мавҷуд буда маълумотҳои саҳеҳу возеҳ гуфта гузаштанд.
Сипас, ҷаноби Тошихиро Аикӣ бо камоли эҳтиром ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” ,тасаввуроти хешро соядаст намуд:
“Поздравляю народ Согдийского области, город Худжанд с замечательный работой в восставленый истории и традиция. Это просто замечательно.
Тошихиро Аикӣ - Чрезвычайный и Полномочный посол Японии в Республике Таджикистан.
Баъдан, ҳайати меҳмонон аз ҳавлии тоҷир ва ҳунармандони мардумӣ гузар намуда аз санъати меъмории сохтмонӣ бо ҳунари дастбофии қолинбофӣ, наққош, дуредгарӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Зикр намуд, ки саҳнаи ҳавлии ҳунармандони мардумӣ бо дарахтони мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо бо гузоштани лавозимоти ашёҳои лозимаи рӯзгори қадима дар хонақоҳҳо, гаҷкорӣ писанди меҳмонон гардид.
Дар фарҷоми боздиди макони таърихӣ ҳайати меҳмонони воломақом барои фароҳам овардани чунин шароит ва хизматрасонии сатҳи баланд бо нишонаи қадршиносию арҷгузорӣ ва меҳмоннавозӣ изҳору сипосу миннатдори баён намуданд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд”