Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳашари пахтачинӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 11 октябри соли 2024 бо амри раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба 60 рӯзи меҳнати зарбдор, намояндагони сохторҳои марбута, омӯзгорон, аҳли кормандони фарҳанг бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳкон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.

  Зикр намуд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, қисми зиёди онро дар кишвар пахтакорони вилояти Суғд парвариш менамоянд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта барои сари вақт ва беталаф ғунучини дастранҷи  деҳқон бо маром идома дорад.

 Аҳли ҷомеаи меҳнатии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, дар қатори дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо дар рӯзи истироҳат ба ҳашари чиниши пахта баромада ба марди деҳкон кӯмаки худро дареғ надоштанд. Аҳли кормандон ба ҳайси ҳашарчӣ ба ноҳияи Спитамен ҷамоати Куруш хоҷагии ба чиниши пахта машғул шуда,саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафед ҳиссаи худро гузоштанд.

  Гуфтан ба маврид, ки ин иқдоми некро ҳашарчиён барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқон хело хуб арзёбӣ намуданд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи сафеди пахта ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои мухталиф буда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим мебошад.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲашари пахтачинӣ
Scroll to Top