Санаи 10-октябри соли 2024 бо ташаббуси ҳайати намояндагони Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба баргузории намоиши ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Ҳайати гуруҳи меҳмонон бо сарварии Иброҳимзода Зафаршо Сафо - директори МД Осорхонаи миллӣ - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Суҳайли- муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ба Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок ба чорабинии мазкур боздид намуданд.
Дар доираи барномаи чорабинӣ Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим бо сухани ифтитоҳи намоишро оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайру мақдам гуфт. Сипас, бахшида ба чорабинии мазкур суханро ба муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Қурбонзода Суҳайли дода шуд. Ӯ дар баромади хеш оид ба ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд. Баъдан, директори Осорхонаи миллӣ - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо баромад намуд ӯ низ ҳамаи меҳмонони ба чорабинӣ ташриф овардагонро муборакбод намуд.
Сониян, аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён сайри тамошои ҳунарҳои мардумӣ идома бахшид. Дар ин барномаи намоишии “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик”, Роҳбари маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд, инчунин намояндагони иттифоқи ҳунармандон, рассомон, дизайнерон, рушди сайёҳӣ, устодону донишҷӯён, ВАО ва меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, аз растаҳои ҳунармандони мардумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд,ки бо 35- намунаҳои маҳсулоти дастии ҳунармандони мардумӣ оро дода буданд, шинос гардиданд.
Ҳадаф ва мақсади баргузории намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” ин ба муносибати шомил гардидани якчанд силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳрести ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг - ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи мардумӣ равона гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри аз нав эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қариб, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд , аз нав дубора эҳё гардиданд.
Ёдовар шуд, ки аз фонди захиравии коллексияҳои МД “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон , зиёда аз 80 намудаи осори ҳунармандони мардумӣ ба монанди асбоби созҳои мусиқӣ, шерозбофӣ, либосҳои миллӣ, мисгарӣ, аъҷузабофӣ, сӯзанибофӣ, мӯҳракашӣ, кулолгарӣ, чармкашӣ,сабадбофӣ ва инчунин нусхаи сертификатҳои ЮНЕСКО ва дигаре баҳри маърази тамошобинон гузошта шуда буданд.
Дар фарҷоми намоиши мазкур аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурияи Тоҷикистон ба беҳтарин ҳунармандони мардумӣ сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”