Яке аз самтҳои асосии тараққиёти бемайлонаи кишварҳои пешрафта дар ҷаҳони муосир ин инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Зеро, Тоҷикистон яке аз сарзаминҳои куҳантаърих, қуҳанфарҳанг ва қуҳанҳунар мебошад, ки сари ҳар як сангу хораш таърихи ба худ хосе дорад ва тавваҷӯҳи ҷаҳониён ба он хеле бузург мебошад. Ба ин хотир барои таҳқиқу омӯхтани таърихи Шимоли Тоҷикистон аз 25 август то 10 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи олимон, бостоншиносон аз Донишгоҳи Шимолу Ғарбии Чин таҳти роҳбарии Чжан Вейсинг дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии профессор Набиҷон Раҳимов ва корманди илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Маҳмудов Нурулло ба экспедитсияи таҳқиқиотию омӯзиши анҷом доданд.
Дар рафти экспедитсиясия онҳо аз якчанд ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон аз Қалъаи Сар, кӯшки Чилҳуҷра, димнаи Қаҳқаҳа I ва II, бошишгоҳи Чилдухтарон ва Хоняйлов, дар ноҳияи Спитамен димнаи Ширин, дахмаки Куркат, ибодатгоҳи Оқтеппа, Қалъаи Қӯштегирмон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Қалъаи Хитойреза, дар ноҳияи Деваштич аз димнаи Чимбандтеппа, дар шаҳри Истаравшан аз қалъаи Муғтеппа, Мунчоқтеппа ва Қараултеппа, дар шаҳри Исфара аз қалъаи Сурх (Қалъачаи Мазор), қалъаи Қӯрғонлитау, дар ноҳияи Ашт аз қурумҳо (қабрҳои дар рӯи замин сохташуда) ва петроглифхои Даҳанаи Ашт, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз мавзъи Учбоғ дидан ба амал оварданд.
Мақсад аз баргузории ин экспедитсия пеш аз ҳама шиносоӣ аз ҳолати ҳозираи ин ёдгориҳои таърихӣ ва дар оянда, ташкил намудани корҳои саҳроӣ бостоншиносии муштарак мебошад.
Мамадҷонова М – мудири шӯъбаи таърихи МД “МФТ” Қалъаи Хуҷанд”