Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Марҳилаи навбатии корҳои ҳафриётӣ дар Панҷакенти қадим мавсими 2024 сол

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яке аз вазифаҳои асосии миллат ҳифзи асолати миллӣ, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Бо ин хотир солҳои охир тавваҷӯҳ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ ва умуман мероси фарҳангӣ зиёд шудааст. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилае аз онҳо, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм ба Феҳрасти мероси моддии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

  Барои сиркушои аз таърихи бойи ин марзу буми бостонӣ ҳамасола дар ҳудуди Панҷакенти қадим экспедитсияи муштараки Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Соли равон низ аз санаи 9 июл то 28 август марҳилаи навбатии ин экспедитсия оғоз гардид, ки ба он мутахассисон аз осорхонаи Эрмитажи Санкт Петербурги Федератсияи Русия, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ иштирок намуданд, экспедитсияро П. Лурйе ва Ш. Қурбонов роҳбарӣ карданд. Корманди илмии муасисааи мо Маҳмудов Нурулло низ ба ҳайси бостоншинос ба ин экспедитсия шомил гардида дониши худро ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намудани ҳафриётҳо такмил дод.

  Дар натиҷаи корҳои ҳафриётии ин эксподитсия як қатор бозёфтҳои таърихӣ ба даст омаданд, ки бозгӯяндаи давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад ва ҳар яки онҳо саҳифаи навини таърихи тоҷиконро боз менамоянд.

Мамадҷонова М – мудири шӯъбаи таърихи  МД “МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМарҳилаи навбатии корҳои ҳафриётӣ дар Панҷакенти қадим мавсими 2024 сол
Scroll to Top