Агар ба фарҳаги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи тасбеҳ аз забони арабӣ гирифта шуда, донаҳои ба ришта кашидашуда, ки диндорон вақти зикри Худо як-як мегардонанд, ифода гардидааст. Субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан аст, ки шадда муҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади зикри Худоро бо он шуморад. Бояд гуфт, ки бо тасбеҳ Худоро зикр кардан, дар байни руҳониёни калисои католикӣ, буддоия ва мусалмонон маъмул аст.
Шахси руҳонӣ ҳангоми тасбеҳ гуфтан донаҳои тасбеҳро як-як мегардонад. Инчунин бо тасбеҳ шахсони руҳонӣ ҳангоми дуохонӣ, намозхонӣ, чилланишинӣ, маросими идҳои динӣ зикри Худову расул, авлиёҳоро намуда, наъту муноҷот ва дуохонӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки мувофиқи ақоиди динӣ зикри Худо зимни гардонидани тасбеҳ беҳисоб буда, шахси тасбеҳгардон аслан набояд ин амалиётро намоишкорона гузаронад. Гардонидани тасбеҳ асосан дар байни аҳли машоих, руҳониёни олимартаба, муфтию саидзодагон расм будааст. Шахсони руҳони тасбеҳро одатан дар дили шаб, ҳангоми гузориши намози тааҷҷуд то субҳ мегардонанд. Тасбеҳҳо аз се қисмат иборат буда, асосан 33 муҳрадор мешаванд. Дар қисмати болои тасбеҳ муҳраи ҳаҷмаш калонтаре мавҷуд аст, ки онро нӯги тасбеҳ меноманд ва он ба шумораи донаҳо намедарояд. Умуман тасбеҳҳо намуд ва рангҳои гуногун дошта, дар аксари онҳо навиштаҷот бо ҳуруфоти арабӣ мавҷуд аст. Тоқ будани донаҳои тасбеҳ гӯё яккаву ягона будани Худоро ифода мекардааст. Асосан тасбеҳро аз ашки марям, фирӯза, қаҳрабо, садаф, марҷон ва ғ. тайёр намуда ба риштаи нафис мекашанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло тасбеҳ дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар мамлакатҳои Шарқи мусалмонӣ ҳоло тасбеҳгардонӣ дар байни аксарияти аҳолӣ расм шудааст.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”