Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди камонварон аз макони таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 7- октябри соли 2024 ҳайати гуруҳи меҳмонон-  варзишгарон оид ба намудҳои камонварӣ бо роҳбарии Том Дилен- Котиби генералии умумиҷаҳонӣ оид ба камонварӣ дар Швейсария, инчунин аз мамлакатҳои хориҷии Судан, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Грузия, Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Кирғизистон, клуби камонварии Федератсияи Русия ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд. Меҳмонон бо роҳбарии камонвари машҳури тоҷик, чемпиони ҷаҳонии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба камонварӣ Зебунисо Рустамова тасмим гирифтанд, ки аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Ҳайати гуруҳи меҳмононро аз МИҲД-и вилояти  Суғд, Бахтиёр Исматзода - Раиси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд, шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳайати гуруҳи меҳмононро, Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”,  Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз  ва  хайру мақдам намуд.

Боздиди гуруҳи ҳайати меҳмонон аз қалъаи таърихӣ оғоз гардид. Меҳмононро Мирзоева Иноятхон - роҳбалади осорхона сайри илмӣ гузаронида  аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, ки бо  маводҳои қадимаи бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир, санъати тасвирӣ ва мардумӣ,  нақшу нигор, кундалкорӣ ва аз давраҳои  истиқлол ба маърази тамошобин гузошта шуданд, ошно намуд.

Воқеан, боздид аз чунин толорҳои намоишии ёдгориҳои қадимаи таърихӣ, ки макони фарҳангии ниёгони халқи тоҷик ба шумор меравад, як қатор  осорҳои таърихӣ  ва бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори миллати  тоҷик маҳфуз баҳри тамошобинон гузошта шуданд, ки  ба кас нерӯи тоза мебахшад дидан намуданд.

Меҳмонон бо орзую таманниёти нек ба китоби “Меҳмонони Фахрӣ” таассуроти хешро изҳор намуданд:

“Ман бо  таассуроти баланд аз зебогию ҳашамати  бинои маҷмааи қалъаи таърихӣ ба худ бардошти азим намудам.“

  Бо эҳтиром , котиби генералии умумиҷаҳони оид ба камонварӣ, Том Дилен.

Инчунин, аз Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлии ҳунармандони мардумӣ  бозгӯи ҳаёти гузаштаро бо ороишу кандакории санъати зисти қадимаи гузаштагонро арзи ҳастӣ менамояд, шиносоӣ пайдо намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар Суғди бостонӣ аз қадимуайём ҳавлии тоҷир мавҷуд буд ва ҳамзамон ҳунари  ҳунармандони маҳаллӣ бо касбу  ҳунар машҳур  буданд, ки маҳсули дастии  ҳунармандон хело арзиши баланд дошт. Меҳмонон  аз ҳунари мардумӣ ба монанди қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ барои рушду эҳё намудан кӯшишу талош меварзанд, ки барои шуғлӣ фаъолияти ҳунармандони мардумӣ тамоми шароитҳои эҷодӣ  фароҳам оварда шудааст, шинос гаштанд.

Қобили зикр аст, ки камонварӣ, камонбозӣ ва тирандозӣ, яке аз навъҳои машҳури варзиши миллӣ буда, хело таърихӣ қадима дорад ва тасвиру ишораҳои он дар китобҳои бостонӣ ба назар мерасад.

Ёдовар шуд, ки камонварӣ тоҷик Зебунисо Рустамова соли 1975 дар нахустин иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба камонравӣ, ки миёни занон дар давлати Швейсария доир гардида буд, ҳайати Иттиҳоди Шӯравиро ба пирӯзӣ расониду рекорди ҷаҳониро бо номи худ асос гузошт. Дар соли 1976 мусобиқаи олимпии ҷаҳон оид ба камонварӣ дар шаҳри Монреали Канада баргузор гардида буд, медали биринҷиро ба кишвар арғумон овард. Зебунисо Рустамова ҳоло нахустин варзишгари зан дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки бо унвони “Қаҳрамони ҷаҳон” оид ба камонварӣ  ноил шудааст

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди камонварон аз макони таърихӣ
Scroll to Top