“Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд ва забондониро талаб мекунад”
Эмомалӣ Раҳмон
Аз даврони қадим бузургиву мақоми волои забон диққати тамоми аҳли башарро ба худ ҷалб намудааст. Олимон, мутафаккирони ҷаҳон доир ба аҳамияту мавқеи он ибрози ақида намуданд.
Забон неъмат, муъҷизаи Худованд аст, ки ба насли Одам инъом гардидааст. Сухан ҷон аст, имон аст, виҷдон аст.Ҳама мушоират ва муомилати тамоми халқиятҳо бо забон ба роҳ монда шудааст.
Чаро мо забонро муъҷиза мегӯем? Донистани забон чӣ зарурат дорад? Вожаи забондонӣ дар худ чӣ маънӣ дорад? Мехоҳам доир ба ин мавзуъ андешаи худро баён намоям.
Забон муъҷиза аст. Агар муъҷиза намешуд, рухсатномаи озодиро ба даст намеовардем. Забони мо забони ширинтарину шеватарин аст, ки мо нолаву нидоҳои дилро ба Худо, ба модар, ба дилбанду пайвандонамон мерасонем. Бо воситаи забон мо лафзҳои “модар”, “ёр”, “Парвардигор”-ро зикр мекунем.
Беш аз ҳазорсолаҳост, ки дар таърих халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, мероси маънавии худро аз як китоб ба китоби дигар чун хатти заррин сабт кардааст, ки бо забонаш зинда мондааст . Шоири ширинбаён Камол Насрулло гуфтааст:
Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,
Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.
Донистани забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, воқеият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забон ба рӯйи мо дарҳои пурасрору сеҳрангези ҳаётро боз мегардонад. Инсоният ҳар қадар ки бо забони худ сухандон гардад, ҳамон қадар шарафманд мегардад. Ҳамон қадар ки бо забони худ сухандон мегардӣ, забонҳои дигарро тез ва хуб аз худ менамоӣ. Беҳуда нагуфтанд:
Ҳар кас кӣ ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Мо, тоҷикон забони модарии худро ниҳоят дӯст медорем. Ин забони ширин имрӯз мақоми давлатӣ гирифтааст ва чун рамзи давлат, чун муқаддасоти миллат шинохта шудааст. Бо баробари ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ таъкид мекунанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ ва зарурати ҳаётӣ аст.
Боиси хушбахтист, ки имрӯзҳо дар мамлакати азизамон забонҳои гуногуни ҷаҳон омӯхта мешаванд. Ин, албатта ба пешравии миллату давлат манфиати зиёд дорад. Забондонӣ касро бохираду маърифатнок мегардонад. Бузургон фармуданд:
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Забондонӣ ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, шахсро ба воломақомӣ, давлатро ба комёбӣ ноил мегардонад.
Шахси забондон шамъи равшангар, нуру зиёи маҳфил, сурурбахши дилҳост.
Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе, к-ӯ беш омӯзад забонро
Расидан бар муроди хеш тавонад.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”