Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди аъзоёни Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон аз макони таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 03-уми октябри соли 2024 бо сафари расмӣ ҳайати аъзоёни Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон ба шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд ташриф фармуда буданд.

Дар доираи сафари корӣ, ҳайати аъзоёни Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон аз  Қалъаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.

Ҳайати гуруҳи  меҳмононро  дар саҳнаи даромадгоҳи қалъаи таърихӣ,  шахсан Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов ва инчунин  шахсони масъул  ба Хуҷанди бостонӣ хайру мақдам ва пешвоз гирифтанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳайати аъзои Шӯрои ҳунармандон аз кишварҳои Молдавия, Белорусия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғистон ва Федератсияи Русия ба қалъаи таърихӣ ташриф фармуданд.

Сипас, ҳайати меҳмононро Мирзоева Иноятхон - роҳбалади осорхонаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронида аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Ҳайати гуруҳи меҳмонон  аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, ки бо санъати нотакрораш бо кашидани санъати тасвирӣ, нақшу нигор, кундалкорӣ, нодирҳои таърихию фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ошноӣ пайдо намуданд.

Воқеан, баъди чунин сайри илмӣ ва боздид аз макони таърихию фарҳангӣ меҳмонон ба китоби “Меҳмонони фахрӣ”, ки  ба инсон илҳоми нав мебахшад, бо таманниёти орзуҳои  нек соядаст гузоштанд:

“Уважаемые жители города  Худжанд и работники крепости Худжанд от всей души поздравляю Вас с замечательным мероприятием- ремесленнической выставкой- Фестивалем “Озор“, который прошел в город Истаравшан.

    Такие международные мероприятия дают возможность обогатиться культурным наследием другим народам.

    Приношу огромную благодарность всем организаторам фестиваля. Спасибо за замечательную экскурсию по Крепости Худжанда.

    Ваш вклад в развитие ремесел очень значим для  поколений.”   С уважением художник ремеселнник -  дизайнер из Казахстана г. Тараз. Глубинская Елена.

Дар идомаи сайри осорхонавӣ боздид аз Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ба монанди  ҳавлии тоҷир, наққошӣ, қолинбофӣ, дуредгарӣ ва дигаре, ки аз тарзи  урфу одати анъанаҳои мардуми қадими халқи тоҷик дарак медиҳад, шиносоӣ пайдо намуданд.

Ёдовар шуд, ки лаҳзаҳои хубу хотирмон баъди дидани манзараҳои  нотакрори қалъаи таърихӣ аз анъанаҳои ҳунармандони халқи тоҷик барои офаридани осори ҳунармандонӣ касбӣ мусоидат хоҳад кард.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди аъзоёни Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон аз макони таърихӣ
Scroll to Top