Дар МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи Модар, Соли фарди солим, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вохӯрӣ бо занҳои фаъоли вилоят зери мавзӯи «Модар-меҳвари меҳру муҳаббат» баргузор гардид.
Дар ин чорабини Ҳомидова М. – мудири бахш оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак - и МИҲД вилояти Суғд, Юсупова М. – мудири шӯъбаи тибби оилавии маркази саломатии шаҳрии №5, Неъматҷонова М. - собиқадори меҳнат, Аълочии ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Ғаниева-директори Хона-музейи М.Турсунзода ва М.Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки азбаски ҷашни 90-солагии Осоронаи таърихӣ дар назар аст, аз ин лиҳоз вохӯрӣ бо собиқадорони соҳа мувофиқи мақсад аст.
Ҳамчунин дар ҷамъомад донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, коллеҷи тиббӣ, муҳассилини МТМУ №27-и ш.Хуҷанд иштирок доштанд ва бо шеъру таронаҳои худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.