Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи ҳайати комиссияи Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон дар шаҳри Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 02-уми октябри соли 2024 бо сафари расмӣ, ҳайати  комиссияи Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон ба шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди бостонии вилояти Суғд ташриф фармуданд.

Дар доираи пазироии меҳмонони олиқадр, ҳайати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Бояд гуфт, ки ҳайати гуруҳи комиссияи  Шӯрои умумиҷаҳонии  ҳунармандонро  шахсан Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳимҷон Иброҳимов ва намояндагони МИҲД- и вилояти Суғд, инчунин шахсони масъул дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, хайру мақдам ва пешвоз гирифтанд.

Боздиди ҳайати меҳмононро Мирзоева Иноятхон роҳбалади осорхонаи таърихӣ сайри осорхонавӣ оғоз намуда аз ашёҳои нодири таърихи давраҳои гуногун, экспонатҳо, бозёфтҳои ёдгориҳои  таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ашъори асарҳои безаволи шоирон, ки бозгӯйи гузаштаро ошно мекунад ,дидан намуданд.

Сипас, меҳмонон аз бинои боҳашамати Қалъаи таърихии Хуҷанд гузар намуда бо санъати безаволи нотакрори ҳунармандони мардумӣ, ки қомат афрӯхтааст, баҳои баланд доданд. Дар идома меҳмонон  аз растаҳои фурӯши арғумонҳои ҳунарҳои мардумӣ,  ба монанди сӯзанӣ,либосҳои миллӣ, қолинҳои ранга, асбобҳои мусиқӣ ва амсоли онҳо,  ки дар ҳавлии ҳунармандони мардумӣ сохта ба истифода дода мешавад, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Сипас, аз  толорҳои намоишӣ қалъаи таърихӣ  бо ҳунари нақшу нигор, санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, давраи истиқлол дидан намуда бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд. Ҳайати гуруҳи меҳмонон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳангӣ халқи тоҷик изҳори хушнуди намуда ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти хешро соядаст намуданд:

 “Это замечательный музей в Таджикистане. Он прославляет и записывает для людей всего мира богатую культуру и историю Среднеазиатского  Таджикистана. Я очень впечатлен усилиями музея по сохранению истории“.

Спасибо. Джеймс Кан.

Сониян,  меҳмонон аз Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”,   ҳавлии ҳунармандони мардумии қадимаи халқи тоҷик ба монанди ҳавлиҳои тоҷир, наққошӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ,  ки  таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳозонидани манзили истиқоматӣ, муҳити зист, меъморӣ ва амсоли онҳо,  ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозад , ошно гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки мардуми миллати тоҷик аз азал меҳмоннавоз буд, ки яке аз хислатҳои хуби расму оини тоҷикон аз қадимулайём бо тариқи анъана, то имрӯз давом дорад, ки меҳмондӯст аст. Муҳими меҳмоннавозӣ ин ҳурмату эҳтиром ва хостаҳои меҳмонро ба ҷой овардан аст, ки сари як пиёла чойи кабуди тоҷикона дар ҳавлии тоҷир бо пешкаши таомҳои миллӣ дастурхони дӯстӣ, ваҳдат ва сарҷамъиро ба вуҷуд овард кушода шуд. Меҳмонон аз чунин ташрифи меҳмоннавозӣ хело хурсанд шуда, лаззати маънавию руҳӣ бардоштанд.

Қобили зикр аст, ки  ҳунар сармояи гаронқиммат буда, онро на ба ягон симу зар харида метавон. Яъне ҳунар зиндагиро обод, маконро мунаввар мегардонад, ки шабеҳи он диданиҳост. Ҳунар ганҷинаи нотакрор, ки бо офаридаҳои ҷолибаш имрӯз ин макони таърихию фарҳангӣ мафтунгари ҳазорҳо дилҳо гардидааст. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил аз дигар ҳунарманд хубтару беҳтар аст, ки диққати ҳар як тамошобинро ба худ ҷалб менамояд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи ҳайати комиссияи Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон дар шаҳри Хуҷанд
Scroll to Top