Санаи 27- сентябри соли 2024 бо сафари корӣ ҳайати кории сардорони Сарситод ва шахсони мансабдори мақомотҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар доири сафари корӣ ҳайати меҳмонон бо намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шахсони масъулин аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Зимни боздиди вохӯрӣ шахсан ,ҳайати меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов хайру мақдам ва пешвоз гирифт.
Сипас, меҳмононро Мирзоева Иноятхон - роҳбалади муассисаи мазкур сайри осорхонавӣ гузаронид. Дар заминаи ошноӣ бо гирдовариҳои ёдгориҳои таърихӣ, экспонатҳо, ашёҳои қадимаи халқи тоҷик, ки ба намоиш гузошта шудаанд, маълумоти бештар дод. Сониян, меҳмонон аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд, гузар намуда аз нодираҳои санъати бадеии ҳунармандон, кандакорӣ, нақшу нигори нотакрор, толори давраи истиқлол, инчунин аз ҳавлии ҳунармандони мардуми дидан намуда, ки бо санъати қадима оро дода шудааст, баҳои арзанда ва сипосгузорӣ намуда ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” соядаст гузоштанд;
“Уважаемие сотрудники исторического музея, примитие искрение слова уважения за ваш труд по сохранению исторической памяти. Мира и благополучения ваш и вашего близким! С уважением, Заместитель председателя КС СКПВ
Р.Н. Булров 27.09.2024
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”