Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Консерти идона бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Шомгоҳи санаи 25 - сентябри соли 2024, бахшида ба ифтихори ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд, консерти идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки намояндагони МИҲД - и шаҳри Хуҷанд, устодони донишкадаҳо, донишҷӯён, ташкилоту муассисаҳои мухталиф ва сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

  Соати 18:00 барандаи мумтози соҳаи фарҳанг ҳамагонро хайру мақдам гуфта бо ҷашни Рӯзи Хуҷанд табрику муборакбод намуд. Ҳудуди саҳнаи боғи фарҳангӣ пур аз тамошобин ва симои идонаро дар сатҳӣ баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ роҳандозӣ гардонида шуда буд.

  Боиси хурсандист, ки барномаи консерти бо иштироки як қатор мутрибону сарояндагони шинохтаи вилояти Суғд бо суруду рақсҳои миллӣ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

 Зикр бояд намуд, ки дар ин робитаи фарҳангӣ боғи фароғатӣ яке аз гӯшаҳои хушманзараи шаҳри Хуҷанд буда назире надорад, ки бо иштироки тамошобинон Рӯзи шаҳри Хуҷанд ва як қатор маросимҳо, ки ғояҳои бадеӣ доранд баргузор мегарданд.

  Ёдовар шуд. ки дар боғи фарҳангию фароғатӣ, баҳри истироҳатӣ сокинон ва меҳмонон консерти идона чун арғумонӣ ҷашни ба таври ройгон пешниҳод гардонида шуд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонсерти идона бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд
Scroll to Top