Дар асл агар ба табиати гул назар афканем, гул гуфта навдаи кӯтоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухми ва зебу зиннат парвариш ва хизмат мекунад.
Барои рамзгузории табиат гулҳои рангоранги мавсимӣ ба монанди чанд намуди петуния, виола, герань, гулкарам, катаранус ва салвия дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби боғдорон шинонида шуданд.
Зикр бояд намуд, ки инсон вақте вориди боғи истироҳатӣ мегардад, манзараи рангоранги қатораҳои гулҳо пешвоз мегиранд, ки гулҳо ба худ маъное доранд, яъне маъноҳои рамзӣ доранд, ки ин эҳтиром, табассум, ишқ ва парастишро баён мекунад. Ба монанде ки ранги зард- рамзӣ ва дӯстӣ, ранги гулобӣ - муҳаббати падарӣ, хешутабори ва ишқи ҷавониро ифода мекунад.
Қобили зикр аст, ки шомгоҳон дар боғи фароғатӣ сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ сайру гашт мекунанд ва аз тамошои гулҳои рангоранг ҳаловати том мебаранд, ки гулҳо бо эҳтиромона ба онҳо чашмак мезананд. Ба ин хотир аз истироҳаткунандагон бо эҳтироми самимӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз чидан ва зер карда гузаштани гулҳо ба фарҳангӣ маданияти сайру гашт хос нест, ҳамеша эҳтиёткор бошанд, ки ин амали хайр алаккай нисфи муваффақияти Шумо ба ҳисоб меравад.
Бигзор парастиши бедории табиат дар ин фасли тирамоҳи заррин бо гулҳои рангорангаш ҳамеша ба сайру гашти оммавӣ дар боғи истироҳатӣ шодиву сурур бахшад.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”