Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шаҳри нотакрор (бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд)

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола, санаи 25 - сентябр таҷлили Рӯзи шаҳри Хучанд бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имрӯзҳо шаҳри Хуҷанд, ки мафтункунандаи қалбҳо ва ҳавои мусаффои соҳили Сайҳун  ба дилшефтагонаш аз ҳадяи нотакрори табиат мужда медиҳад. Дар бораи маънои калимаи “Хуҷанд” фикру ақидаи муҳаққиқон гуногун аст. Вале, бисёриҳо ҷонибдори он ҳастанд, ки ин номи зебо аз калимаи “хубҷамъ” ба вуҷуд омадааст. Илова бар ин, тибқи маълумотҳо , сарчашмаҳо шаҳри Хуҷанд дар гузашта бо номи “Тирози ҷаҳон”, яъне арӯси олам машҳур будааст.

Шаҳри Хуҷандро баробари табиату манзараҳои нотакрор сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш, ба монанди арбобону илму адаб, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадорону ҳунармандон ва дигар шахсони маъруф машҳуртару оламгир гардонидаанд. Аз ҷумлаи гузаштагон Шайх Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайдои Хуҷандӣ, тоҷири китоб – Хоҷа Сиддиқи Саҳҳофи Хуҷандӣ, Шайх Бадеуддини Нурӣ ва садҳо нафари дигарро метавон вирди забон овард.

Мусаллам  аст, ки бо ватандорию ҷасорати беҳамтои сарлашкари халқи тоҷик Темурмалик, яъне “Амири оҳанин”-ро ба ӯ муносиб доданд, зидди истилогарони муғулон барои шаҳри Хуҷанд истодагарӣ ва мубориза бурдааст. Ин Хуҷанди бостонӣ давоми мавҷудоти худ борҳо аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини замон бо сари баланд гузаштааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушду нумуъ ворид гардид. Зикр намуд, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ давоми солҳои истиқлолӣ дар радифи дигар манотиқи кишвар симои худро куллан дигар кард, ки ҳамарӯза шоҳиди бунёдкориву созандагӣ гардида ва ободониҳои сатҳи  маданияти шаҳрдорӣ ҳам баланд шуда истодааст.

Яке аз фазилатҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд, эҳё ва азнавсозии Қалъаи таърихии Хуҷандӣ МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, анъанаву суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳузур омад, ки чун як ҷузъи халқи куҳанбунёди сокинони шаҳр ва алоқамандони мардумони Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд. Инчунин, иқдому ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд, шахсан муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Фирдавс Шарифзода табдил додани маркази шаҳри Хуҷанд  ба макони таърихию фарҳангӣ халқи тоҷик ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии Ватанро ифтихори бузург медонанд.

Қобили зикр аст, ки таҷлил намудани Рӯзи шаҳри Хуҷанд иқдоми шоистааст, ки сокинонро ба ҳам муттаҳид менамояд ва аз ояндаи дурахшони ин шаҳри хуршедӣ дарак медиҳад.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШаҳри нотакрор (бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд)
Scroll to Top