Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар қалъаи таърихӣ операи “Рӯдакӣ” садо дод

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола, санаи 22- сентяр  дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фанни ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ташаббуси  Камолиддин Сайфиддинзода - директори   Муассисаи давлатии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, ҳайати эҷодии ҳунармандон бо барномаи сафари ҳунарӣ ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар доираи тантанаи бошукуҳи чорабини Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд, устодону донишчӯёни соҳаи фарҳанг, меҳмонони дохиливу хориҷӣ, рӯзноманигорон ва ВАО иштирок варзиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чорабинии фарҳангӣ бахшида ба  95-умин солгарди зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор, Шарофиддин Сайфиддинов баргузор гардид, ки  насли навраси ҳунарпешаҳои камолёфтаи ҳозираи театр анъанаҳои устодро давом дода истоданд. Ташрифи эҷодии гуруҳи ҳунармандони театр  яке аз рӯйдодҳои фарҳангӣ буда дар саҳнаи бошукуҳи шомгоҳии Қалъаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо  як қатор намоишҳои консерти пешкаши  тамошобинон  гардид.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби созмондиҳанагони чорабинии мазкур  даромад ба консерти намоиши   бепул тариқи ройгон ба роҳ монда шуд. Дар баргузории чорабинии фарҳангӣ коргардон, дирижёрҳо - Анвар Шаймуродов ва Далер Тилоев, рижиссёр- таҳиягар - Суҳроб Усмонов, хормейстер - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева, балетмейстер – таҳиягар - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Александр Бахман, Аяна Оскенбаева аз Қазоқистон ва рассомон - Ҷамшед Холиқов ва Валери Кунгуров аз кишвари Олмон иштирок намуданд, ки  мухлисони сершуморро ҷамъ овард.

Операи Рӯдакӣ аз ду парда ва чор намоиш иборат буда, муаллифони либретто - С. Улуғзода ва С. Севертсев мебошанд.

Пардаи якум бо дебоча оғоз гардид, ки иҷрокунанда  ва нақши  роли асосии  Рӯдакиро, Мануҷеҳр Раҳмонов, Пайрав Аюбӣ, Робия - Манижа Назарова ва Амир ибни Насрро, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон - Миралӣ Достизода, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон - Содиқ Нуруллоев ва Достон Холов иҷро намуданд.

Инчунин, дар саҳнаҳои умумӣ - ҳунармандони хор, балет, миманс ва  номераҳои рақсӣ  бозиданд, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.  

Басо рамзист, ки аввалин бор дар саҳнаи бинои бошукуҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд, беҳтарин операи “Рӯдакӣ” садо дод. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, баҳри тамошобинони сершумор барномаи калони консерти асарҳои операвии симфонӣ пешниҳод карда шуд.

Ёдовар шуд, ки  сафари ҳунарӣ аҳли эҷоди ҳунармандони Театри давлатии академия опера ва балети ба номи С. Айнӣ, бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанди  бостонӣ идома дорад.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар қалъаи таърихӣ операи “Рӯдакӣ” садо дод
Scroll to Top