Тибқи барқияи Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят таҳти №39-тг аз 20.02.2016 оиди гузаронидани шанбегӣ баҳри дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани Идҳои умумимиллӣ, аз ҷумла Иди байналмиллалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» шанбегӣ гузарониданд. Дар рафти кор аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, панҷараҳои ҳудуди боғ, пояи пайкара ва мақбараи Хоҷа Камоли Хуҷандиро тоза намуданд, ҷойҳои зарурӣ аз ҷумла қуббачаҳои девор, фаввораҳо ва харакҳои дохили боғро ранг пошиданд. Кормандон ҳамчунин, дар ободонии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ низ саҳм гузоштанд. Дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ 48 бех-ангур, гелос, анор-48 бех, 12-бех бодом, тути аштӣ ва марворид, ниҳолҳои сосна-32 бех, можевелник-34 бех, кипариси кабуд-64 бех, кипариси аризонӣ-30 бех, беди сиёҳ-9 бех ва гулҳои мавсимӣ, шинонида шуда, 15 куб партов бароварда шуд. Дар шанбегӣ ҳама якдилона меҳнат намуданд ва азм доранд, дар кори ободонии маҷмаа рӯзҳои шанбеи минбаъда низ ҳиссагузорӣ намоянд, зеро ҳамагонро ҷашни бошукӯҳи 90-солагии таъсиси осорхонаи таърихӣ дар пеш аст.