“Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем.”
Эмомалӣ Раҳмон.
Забони ҳар қавму миллат мояи ифтихор ва саодати ҳуввияти ӯст, зеро маҳз забон аст, ки аз мавҷудияти ин ё он миллат башорат медиҳад ва ҳастии миллатро ба дуриҳои дур мебарад.
Забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ба сифати забони адабӣ дар хидмати соҳибзабонон қарор дорад ва ҳастии беш аз ҳазорсолаи забони адабии тоҷикиро осори мондагори илмиву адабие, ки аз ҷониби Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва нобиғагони дигар рӯи саҳфаҳои таърих рехтаанд, ба субут мерасонад.
Дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои “одамушшуаро”, “устоди сухан”, “устоди шоирон”, “устоди Аҷам”, бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтанд.
Баракати шеъри Рӯдакӣ буд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён рушду камол ёфт, пеш аз Рӯдакӣ шоире, ки дар забони форсӣ соҳиби девони комил бошад, маълум нест.
Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷику форс аз он сарчашма гирифт. Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимонаи хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшани дил, чароғи аҷлу хирад номидааст. Бинобар ин, инсонияти бохирад дар тамоми давраҳои таърихи зиндагии худ дар ҳар ҷо ва ҳар шароит ҷидду ҷаҳд намудааст, ки бо ҳар роҳ забон дониш омӯхта сарбаланд гардад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр Рӯзи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс ба таври бошукӯҳ таҷлил мегардад. Инчунин дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар мавзӯи “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X-IX” акс ва нимпайкараи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.
Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ карда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммави - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа