Санаи 19 - сентябри соли 2024 намояндагони Федератсия иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия, таҳти роҳбарии Киселев Алексей Михайлович - муовини Раиси иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск , Высоцкая Валентин Геннадьевна – Раиси ташкилоти иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанги вилояти Свердловск, Струина Вера Александровна - муовини раиси иттифоқҳои касабаи кормандон ва ташкилоти вилояти Свердловск, Чебыкин Александр Сергеевич - Раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустии вилояти Свердловск, Дидик Илья Викторович - муовини раиси ташкилоти ибтидои касабаи ширкати “Уралэлектромед”-и комбинати куҳи - металлургияи Русия, Пильникова Инесса Владимировна - Раиси ташкилоти ибтидои иттифоқҳои касабаи ширкати “Уральская Фольга” ва Ремезов Леонид Юрьевич - Раиси ташкилоти иттифоқи касабаи ибтидоии ширкати “Ураласбест”, Раиси думаи ҳавзаи шаҳраки Асбестовски Федератсияи Русия бо сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташриф намуданд.
Ҳайати меҳмононро Омири муассисаи мазкур, масъулони Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешвоз гирифтанд. Сипас, меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд дидан ба амал оварданд. Меҳмононро Мирзоева Иноятхон - роҳбалади муассиса бо мақсади шиносои аз мероси гаронбаҳои таърихӣ - фарҳангии халқи тоҷик ошно гардонид. Боздиди ҳайати меҳмонон аз қалъаи таърихи аз толорҳои намоиши, ки муҳимияти таърихиро доранд, дидан намуда бо санъати тасвирӣ ва мардумӣ аз наздик ошно гаштанд. Сипас, аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бо ороиши анъанаҳои миллии тоҷикона оро дода шудааст, шинос гардиданд.
Зимнан, меҳмонон ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” соядаст гузошта, аз Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимов И. ҷиҳати татбиқи чунин сайри илмӣ ва истиқболи самимӣ изҳори минатдорӣ намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”