Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фарҳанги бузургдошти китоби беҳтарин

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 17- сентябри соли 2024 бахшида ба фарҳанги бузурдошти “Китоб, китобдор ва ношир” дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо раёсати шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Гафуров” чорабини баргузор гардид.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ Аҳмадҷони Раҳматзод - Раиси бахши шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон, Усмонзода Аюб Ислом - ректори МДТ ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Гафуров”, Тоҷибой Султонӣ - мудири шуъбаи идеология ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, инчунин устодону донишмандон, донишҷӯён, намояндагони муассисаҳои  фарҳангӣ ва рӯзноманигорони ВАО иштирок намуданд.

Маҳфили чорабиниро  оид ба тақдими Ҷоизаи илмӣ - фарҳангии ба номи “Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ” ба ғолибони “Китоби беҳтарин”, “Китобдори беҳтарин ва “Ношири беҳтарин”, устод Аҳмадҷони Раҳматзод  ифтитоҳ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки гузаштагони мо дар китобу китобдорӣ, ҷилдбандӣ, муқовасозӣ, саҳҳофӣ, ва дигар ҳунарҳо вобаста ба китобсозӣ шуҳратёр гардида буданд. Бояд зикр намуд, ки яке аз машҳуртарин китобдор дар бунёдгузори нашри муосири китоб, тоҷири китоб Сиддиқхоҷа Саҳҳофи Хуҷандӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи сухан гуфта шуд, ки  дар Хуҷанди бостонӣ низ даҳҳо котибону саҳҳофон дар дӯконҳои худ машғули омода намудани китоб буданд. Дар байни китобдори беҳтарин Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ  ба ҳисоб мерафт, ки аз ҳунару маҳорати ӯ донишмандони Ҳиндустону Афғонистон, Қошғар, Тошканд, Қазон, Туркияву Арабистон ва дигар кишварҳо огоҳ буданд. Сипас, устодону олимон вобаста ба мавзуи чорабини суханрони намуданд.

Дар идомаи чорабини аз ҷониби раёсати  мазкур маросими тақдими ҷоизаи илмӣ - фарҳангии ба номи “Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ” ба ғолибони номинатсия;

“Китоби беҳтарин”- Аҳмадҷони Раҳматзод, Раиси бахши шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.  “Китобдори беҳтарин”- Мунира Ҳакимӣ, ҷонишини директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.

 “Ношири беҳтарин”- Муҳсин Исобоев, директори типографияи “Ношир” бо сипосномаю нишонаи сари синагӣ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.   

Ёдовар шуд, ки дар гӯшаи ҳавзаи илмию адабии толори намоишии “Қалъаи таърихи Хуҷанд”, дар зершишаҳо чанд намуди  китобҳои нашрнамудаи Сиддиқхоҷа Саҳҳофи Хуҷандӣ маҳфуз ва баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Боиси сарфарозист, ки дар ин  чорабинии  фарҳангӣ мусаввараи Сиддиқхоҷа Саҳҳофи Хуҷандӣ ба Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳадя карда шуд.

Дар  фарҷом бо иштироки  ҳофизони шинохта сурудҳои классики сароида шуда ба чорабини ҳусни анҷом  бахшид.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФарҳанги бузургдошти китоби беҳтарин
Scroll to Top