Дирӯз, бо сафари корӣ ташрифи ҳайати намояндагон, таҳти роҳбарии Швакова Юлия Александрова - муовини Раиси вилояти Рязани Федератсияи Русия, Ворфоломеев Андрей Владимирович- Вазири рушди иқтисоди вилояти Рязан, Полякова Алла Викторовна- Депутати думаи давлатии Федератсияи Русия, Козлова Людмила Анатольевна - Президенти Палатаи иттифоқи савдо ва саноати вилояти Рязан, Новожилов Вадим Александрович - Директори генералии ширкати “Антей”, Шарипов Бобоҷон - намояндаи Палати савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳайати намояндагони ширкатҳои мухталиф ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар нимаи дуюми рӯз ҳайати меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд, Анвар Якубӣ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳи намуда аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан ба амал оварданд.
Зимни мулоқоти самимӣ дар саҳнаи даромадгоҳи қалъаи таърихӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов ҳайати меҳмононро пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, гуруҳи меҳмононро Мирзоева Иноятхон - роҳбалади муассиса аз толорҳои намоишии “Қалъаи таърихии Хуҷанд” ва дигаре аз маводҳои нодири нишонаи ёдгориҳои тамаддуни фарҳанги таърихӣ баҳри тамошобинон гузошта шудаанд, сайри илмӣ гузаронид. Дар аснои тамошо меҳмонон аз толорҳои намоишии “Ҳавзаи илмию адабӣ”, “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”, инчунин аз толори “Истиқлол” бо дастовардҳои даврони истиқлоли кишвари Тоҷикистон шинос гардиданд. Боздиди сайри осорхонавӣ чун эҳтиром ба макони фарҳангию таърихӣ, шиносои бо арзишҳои миллӣ аз таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад, меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Ногуфта намонад, дар идомаи боздид аз чойхонаи “Қалъаи Хуҷанд” ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бо санъати ороиши амалӣ ва навъҳои гуногуни он ба монанди ҳавлии тоҷир, қолинбофӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ ва амсоли онҳо дар ҳаёти мардуми гузаштаи халқи тоҷик ҷойгоҳи хосае дошт, ошно гардиданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон изҳори хушҳолӣ намуда таассуроти худро ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” бо таманниёти нек соядаст намуда ба роҳбарияти муассиса барои истиқболи гарму самимии дӯстона миннатдорӣ намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МДМФТ ”Қалъаи Хуҷанд”