Дар доираи сафари корӣ ҳайати гуруҳи меҳмонон бо сарварии Рафаэль Марсович Шагаев - Президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Красноярски Федератсияи Русия дар вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф фармуданд.
Аз фурсати қулай меҳмонон истифода бурда аз макони фарҳангию таърихии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Ҳайати меҳмононро шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов истиқбол ва самимона пешвоз гирифт.
Сониян, меҳмононро Мирзоева Иноятхон - роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ сайри илмӣ гузаронид. Аз толорҳои намоиши гузар намуда аз таърихи ҳунарҳои тасвирӣ, кундалкорӣ ва бозёфтҳои гуногуни таърихӣ ба маъраз гузошта шудаанд, ки аз рушду ташаккули фарҳангу тамаддуни даврони гузаштаро башорат медиҳад, ошно гаштанд. Ҳамзамон, меҳмонон аз намунаҳои ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки дар асрҳои гуногун сохта шуда буданд ,аз тарзи истифодабарии ҳунарҳои мардумӣ, сохти қадимаи ҳуҷраҳо ва асбобу рӯзгори гузаштагон аз наздик шинос гардиданд.
Таҷдиди толорҳои намоишӣ ва санъати сохти ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба табъу завқи меҳмонон таассуроти тоза бахшид, ки ба “Китоби меҳмонони фахрӣ” бо орзуҳои неки дӯстона соядаст гузоштанд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
-