Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Овози тоҷик” ( Ба муносибати 100-солагии рӯзномаи “Овози тоҷик”)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзномаи  “Овози тоҷик”  дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфта буд. Ӯ дар таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказӣ яке аз нашрияҳои аввалини тоҷикзабон ба шумор мерафт.

Рӯзнома аз замони таъсис ёфтанаш фаъолона ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодии халқи моро инъикос намуда, ба оинае мубаддал гашта буд, ки симои мардуми тоҷикро дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ нишон медод. Рӯзномаи “Овози тоҷик” дар тӯли фаъолияташ на танҳо барои миллати тоҷик ва тарғибу ташвиқи фарҳангу таърихи он, балки барои густариши дӯстию бародарии мардуми Осиёи Марказӣ бахусус тоҷикону ӯзбекон саҳми беандоза гузоштааст. Тарғибу ташвиқи ҳамзистии осоишта, ҳифзи дӯстию рафоқат, фарҳанг, урфу одат ва ҷашну маросими шабеҳ аз ҳадафҳои асосии ин рӯзнома маҳсуб мешуд.

      Дар рӯзномаи  “Овози тоҷик” бахшҳои “Мушфиқӣ”, “Роҳнамои мухбирон”, “Садои меҳнат” дар байни хонандагон маҳбубияти зиёде дошт. Дар саҳифаҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон  маҳсули эҷодиашонро нашр мекарданд.

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” нашрияҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” дар соли  1928  маҳфуз аст, ки ҳамасола дар чорабиниҳои бахшида ба “Рӯзи  китоб”, “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандонии илмии осорхона ин рӯзномаҳоро ба намоиш мегузоранд.

Хоҷаева М ­­- мудири шӯъбаи таърихи давраи муосир                              

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Овози тоҷик” ( Ба муносибати 100-солагии рӯзномаи “Овози тоҷик”)
Scroll to Top