Саҳнаи даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд имрӯзҳо дар айёми ҷашни муборак холӣ набуд. Бахшида ба 33-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди расмии ҳайати гуруҳи намояндагони Ҷумҳурии Қирғистон, таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони Вазирони Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғистон Байсалов Э.Ж ба вилояти Суғд, барои иштирок дар чорабинии идона ба шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Ҳайати гуруҳи меҳмонон ба хотири боздид аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Шахсан меҳмонони олиқадрро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва ҳозиринро бо ҷашни фархунда муборакбод ва хайру мақдам намуд.
Сипас, Мирзоева Иноятхон - роҳбалади дараҷаи олии муассиса гуруҳи меҳмононро аз толорҳои осорхонаи таърихӣ шинос намуд.Таваҷҷуҳи меҳмононро давраҳои ибтидоӣ ва эспонатҳои ашёҳои нодири эҷодиёти миллии тоҷиконро, ки дар бар мегирад шинос гардиданд.
Сониян, дар идомаи сайри боздиди осорхонавӣ меҳмонон аз бинои боҳашамати Қалъаи таърихии Хуҷанд аз толорҳои намоишӣ дидан намуданд. Онҳо аз толорҳои ҳавзаи илмию адабӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ, толори истиқлол тамошо ва маълумоти бештар гирифтанд.
Баъдан, ҷиҳати шиносоӣ аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.Бештар ҳавлии тоҷир чун намуна гузаштаи ниёгон бо тамоми тасвири қадима қомат афрӯхтааст, ҷолиби диққат буд.
Зимнан, меҳмонон аз роҳбарияти муассисаи мазкур ҷиҳати татбиқи чунин иқдоми неки дӯстона ва истиқболи самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Баъди боздид, меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд дар “Китоби меҳмонони фахрӣ” бо орзуву таманниёти нек соядаст гузоштанд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”