Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, бо арзу эҳтироми бепоён тамоми мардуми шарифи кишвари Тоҷикистони азизро ба муносибати 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон қабл аз ҳама саломатӣ, рӯзгори босаодат, осмони соф, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамояд.
Маҳз, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки тоҷикон Ватани худро соҳиби кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озоду ободро ба роҳ монанд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Шукргузор аз он ҳастем, ки Ватани аҷдодиамон сулҳу амонӣ пойдор ҳасту дар фазои орому обод бо бахту иқболи баланд зиндагӣ ба сар мебарем.
Бигзор, иди муқаддаси Истиқлол барои кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифаш саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!.
Поянда бод Истиқлоли давлати тоҷикон!