Осорхона ҳамчун муассисаи фарҳангӣ бо ҷиҳати гуногунпаҳлӯии фаъолияташ амсоли ҷамъоварӣ ва харидории сарватҳои фарҳангӣ, тармиму ҳифзи онҳо, баррасии соҳавӣ ва тарғибу ташвиқи нигораҳо дар бобати тарбияи маънавӣ, таҳкиму ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ, ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, кишваршиносӣ дар ҷомеа нақши бузург мебозад.
Музей – осорхона инъикосгари давру замонҳо, орзуву омол ва бозёфтҳои инсонҳост, яъне ифодагари таърихи зиндагонии одамон аст. Он аз калимаи юнонии «мюзем» гирифта шуда, остонаест ба олами гузашта.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки аввалин осорхонаҳо дар қаламрави Юнону Рими қадим пайдо шудаанд ва баъдтар ба ҳар шаклу маънӣ дар Англияю Фаронса, Россияю Олмон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ташаккул ёфтаанд. Тамаддуни башар бо осорхонаҳои Британияи Лондон, Луври Париж, Прадои Мадрид, Нигористонҳои Третьяков ва Дрезден, Эрмитажи Санкт-Петербург, Метрополитени Ню-Йорк ва амсоли инҳо фахр мекунанд.
Тибқи тадқиқоти муаррихон дар Тоҷикистон солҳои бистуми асри ХХ масъалаи ташкили осорхонаҳо ба миён омад, ки осорхонаи таърихии вилояти Суғд аввалин осорхонаи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки соли 1926 асос гузошта шудааст.
Бо дастгирии ҳукумати вилоят хишти нахустини бинои ҳозираи осорхонаи таърихии вилоятӣ соли 2003 дар қисми ҷануби шарқии Урдуи шаҳр гузошта шуда, 23 августи соли 2006 расми кушоди осорхона бо иштироки Президенти Ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Бинои ҳозираи осорхона ба шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шуда дорои 12482 адад нигораҳои асосӣ мебошад. Осорхонаро ҳамасола қариб 40000 тамошобинон дидан менамоянд.
Аз моҳи майи соли 2015 Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун маркази илмӣ-тадқиқотӣ ҷузъи Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба шумор рафта, панҷ шӯъбаҳо: шӯъбаи таърих, таърихи давраи муосир, дастхатҳо ва табъу нашр, оммавӣ-фарҳангӣ вар обита бо ҷомеа, шӯъбаи фонд фаъолият мебаранд. Дар толорҳои намоишӣ бо даврабандии таърихӣ намоишгоҳҳои давраи ҳаёти одамони асри санг, давраи фулузӣ, давраи тамаддуни ориёӣ, эллинистӣ ва таъриху тамаддуни тоҷикон созмон дода шудаанд.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ осорхонаҳои зиёде фаъолият мебаранд, ки дар толорҳои мардумшиносии онҳо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, осорҳои илмӣ – адабӣ, қаҳрамониҳои пешвоҳо дар муборизаю муҳорибаҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Асоси ҳамаи навъҳои фаъолияти осорхонаро ашёи аслии осорхонавӣ, ки аз маҷмӯи маъхази осорхона ташаккул меёбад, ташкил медиҳад. Корҳои ҷамъоварии осорхона пеш аз ҳама ба ҷамъоварӣ ва коллексиякунонии ашёи осорхонавӣ равона мешавад.
Ашёҳои аслии осорхонавӣ ва маълумотҳои илмӣ оиди нигораҳои дар экспозитсия ба намоиш гузошта шуда барои ҳифзи манфиатҳои фарҳанги миллӣ низ хеле заруранд. Ҳарчанд дастовардҳои фарҳангию таърихӣ хусусияти умумибашарӣ доранд,насли ҳар як миллатро зарур аст, ки баҳри ҳифзи истиқлоли фарҳангии хеш ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ гузаштаи ниёгони худро аз худ намояд ва онро чун сабақ барои ҳаёти имрӯза биёмӯзад ва баҳри фардоиён ҳифз намояд. Беҳтарин сабақомӯзӣ аз осори ниёгон, дидану дарк намудан дар осорхона ба шарти риояи айният, дар тамошобин муяссар мегардад, ки дар он роли роҳбалад бонуфуз аст.
Риояи айният дар осорхона барои афзудани сафи тамошобинони осорхона аҳамият ва вобастагии зич дорад. Дар лаҳзаи сохтани экспозитсияи намоишӣ ҷо намудани ашёҳои аслии осорхонавӣ мувофиқи мақсад аст. Масалан дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар экспозитсияи намоишӣ тобути чӯбин (КП-1112) бо ду кӯзача тааллуқ ба асри II-I то мелод аз деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ёфт шуда, шамшери дутеғаи фулузӣ (КП – 1757\9) тааллуқ ба асри II- I-то мелод дар толори эллинистӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар экспозитсияи намоиши таҳти мавзӯи «Маданияти халқи тоҷик дар асри IX-X»- симобкӯзачаҳо(КП-874), қайчии ҷарроҳи(КП-530)-и олим, шоир, энсиклопедисти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки дар вақти сайри осорхонавӣ роҳбалад оиди ин ашёҳои аслии осорхонавӣ бо баррасӣ намудани маълумотҳои илмӣ – таърихӣ диққати тамошобинро ҷалб намуда оиди тибби ҳозира низ нақл карда метавонад.
Дар экспозитсияи намоишии «Халқи тоҷик дар давраи Чингизиён» ҷавшан (КП-1192) бо навиштаҷоти арабӣ (Ояталкурсӣ), ки афсарони тоҷик дар муборизаи зидди муғулҳо дар бар кардаанд. Ҷавшан 15 кг вазн дорад ба намоиш гузошта шудааст.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як нигораи аслӣ такрорнашаванда аст. Мо вазифадор ҳастем, ки осори аслии ниёгони бузурги худро ҷамъоварию ҳифз намоем ва ободии осорхонаҳо ҳам аз ҳамин аст.
Аз ҷониби осорхонаҳо – ҳамчун институти маданию таълимӣ баҳри ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ба маърази тамошо гузоштани мероси моддию маънавӣ ва дастовардҳои фарҳангию илмии гузаштагон корҳои зиёде анҷом меёбад махсусан баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (с.2013) самтҳои фаъолияти осорхонаҳо дар замони муосир муайян гардида, ҳамчун институтҳои иҷтимоии тарғибгару ҳифзкунанда, таҳқиқгару ташвиқкунандаи арзишҳои миллию умумиинсонӣ дар замони муосир мусоидат мекунад. Яке аз роҳҳои муҳиму асосии омӯзиши таърихро бояд дар шинохти осорхона бинем, зеро танҳо осорхона метавонад ба воситаи нигораҳо дар шакли аёнӣ ва алоқамандию пайдарҳами тамоми бурду бохт рангорангии таърихро ба шахс расонад. Ба ин восита омӯзиши таърих барои андӯхтани таҷриба ва истифодаи бевоситаи он дар рафтору фаъолияти шахс ва ҳам ба нафъи халқу Ватан натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод.
Аҳамияти омӯзиши таърих дар ҳар суханронию паёми Пешвои миллат Ҷаноби олӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайди худро бардоштааст. «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем» (Э.Раҳмон. «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён»).