Санаи 29 августи соли 2024 бо ташаббуси МИҲД-и вилояти Суғд ва бо сарварии Фирдавс Фахриддинзода - муовини Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии дар вилояти Суғд , Ҷамшед Набизода-муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои вилояти Суғд, ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Хуҷанд ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд.
Меҳмонон баҳри баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ҷиҳати шиносоӣ аз макони фарҳангию таърихии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи осорхона меҳмонон ва афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизонро шахсан омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансурҷон пешвоз ва хайру мақдам намуд.
Сипас, роҳбаладони муассисаи мазкур ҳайати гуруҳи сарбозон ва меҳмононро сайри осорхонавӣ гузаронида аз толорҳои намоишии осорхона, экспонатҳо ва ёдгориҳои вуҷуд дошта, ки муҳимияти таърихиро инъикос мекунад, дидан намуда аз урфу одат ва анъанаҳои гузаштаи ниёгони халқи тоҷик ошнои пайдо намуданд. Дар идомаи боздид меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ, ҳавзаи илмию адабӣ, аксу муссавараҳо, толорҳои истиқлолу муҳорибаҳо тасвир ёфтаанд, шинос гардиданд.
Воқеан, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.
Сониян, дар бахши варзиши мусобиқаи рафиқонаи бозии шоҳмот байни сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Суғд, дар муҳити табиати хушҳавои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз гардид. Рафти мусобиқаи варзиши нишон дод, ки ин самти варзиши ақлӣ ҳаводорони зиёде дорад. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот ин маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ба шумор меравад, ки ҳаводорони зиёдеро дар атрофи худ гирд меоварад.
Дар натиҷаи ҷамъбаст аз ҷониби доварон ғолибони мусобиқа муайян гардиданд:
- Ҷои аввал- Қамбаров Темур ш.Исфара қ\ҳ 02267
- Ҷои дуюм- Юлдошев Азиз н.Б.Гафуров қ\ҳ 14356
- Ҷои сеюм- Хушназаров Насим н.Б.Гафуров қ\ҳ 14356
- Ҷои сеюм- Каримов Аҳмад ш. Исфара қ\ҳ 02267
Ғолибони мусобиқаро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”