Дирӯз, ҳайати меҳмонон бо роҳбарии муовини аввали Сардори сарраёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд, генерал-майор Давлатзода Раҳмонқул, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майор Иброҳимзода Нозим ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус бо сардории Сакаветс Александр, ҳайати гуруҳи корӣ зиёда аз 10 нафар меҳмононро ташкил мекунад, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” дидор ба амал оварданд.
Меҳмононро Омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансурҷон бо хушнудӣ пешвоз ва хайру мақдам намуд.
Сипас, ҳайати меҳмононро роҳбаладони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд сайри илмӣ гузаронида аз толорҳои таърихӣ ва толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд, ошно намуданд. Гуруҳи ҳайати меҳмонон аз санъати баланди меъмории ба иҷро расонидашудаи бинои боҳашамати қалъаи таърихӣ, назари нек намуданд, ки ба кас барои афзун намудани ғизои маънавии фарҳангию таърихӣ кӯмак мерасонад. Инчунин, дар идомаи сайри илмӣ меҳмонон аз Чойхони “Қалъаи Хуҷанд” ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бо санъати қадимаи меъмории аҷдодии гузаштагон сохта шудааст, аз наздик дидан намуданд. Бояд гуфт, ки тарзи намунаи сохмонии ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ аз якдигар фарқ мекунад ба монанди ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ ва ғ., ки ҳар як ҳавлии ҳунармандон собиқаи тӯлонии таърихӣ дорад, ки хаёлоти инсонро бо давраи гузашта пайваст мекунад, шинос гардиданд.
Дар фарҷоми дидор аз роҳбарияти осорхонаи таърихӣ, ҷиҳати чунин имконият фароҳам овардан аз таъриху фарҳангӣ халқи тоҷик шинос ва истиқболи самимӣ изҳори миннатдори намуданд, ки беҳуда нагуфтанд, ”Шунидан кай бувад, монанди дидан...”
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”