Санаи 22-августи соли 2024 дар толори бинои Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, семинари омӯзишӣ бахшида ба мавзуи “Маърифати хуқуқӣ - асоси таъмини рушди соҳа” ва пешгирии ҳолатҳои фавққулода баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Бузуруков Иномхӯҷа - сардори шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Суғд, Комилов Абдуғаффор - нозири ҳифзи меҳнати Кумитаи иттифоқи кормандони фарҳанги вилояти Суғд ва Саидаҳрор Саидов - мутахассиси зидди сӯхтор инчунин кормандони шуъбаҳои мухталифи муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансурҷон семинари мазкурро ифтитоҳ бахшида меҳмононро хайру мақдам гуфта бо ҳозирин шинос намуд.
Сипас, суханро ба ҳуқуқшинос Бузуруков И дода шуд. Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст, ки мақсади он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, танзими анъанаҳои маросимӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, содиршавии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон ва вайрон намудани талаботи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ мухтасаран гуфта гузашт.
Баъдан, мутахассиси соҳаи зидди сӯхтор Саидов С баромад намуда аз пешгирии зидди сӯхтор, садамаҳо, фалокатҳо ва оид ба наҷот додани одамон маълумоти бештар дод. Инчунин дар баромади хеш ёрии аввалиндараҷа тадбирҳои одитарин барои наҷот додани ҳаёти инсон ва пешгирии оқибати ногувори фалокат ва бемории ногаҳони (эпилепсия) то омадани ёрии таъҷили ё то ба муассисаи табобати бурда расонидан маърӯза намуд. Натиҷаи минбаъдаи ёрии тиббӣ ва дуруст бастани захм ҳангоми шикастани устухон, барои ҷилвагарии буғи гаштан ва ба роҳи нафас наафтидани бемори беҳушро ба паҳлу хобониданд ба таври назариявӣ нишон дода шуд, ки на он қадар мураккабиро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки дар фаъолияти меҳнатии муассисаи мазкур семинар-машварати омӯзишӣ оид ба нигоҳ доштани ҳаёт, саломатӣ ва ҳолати омодабошӣ саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми семинар- омӯзиш мубодилаи афкор ҷараён гирифта аз ҷониби мутахассисони соҳа ба пешниҳоди иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”