Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тақвият бахшидани рушди ҳамкорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаҳои  15-23 августи соли 2024 бо ибтикори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”, дар шаҳри Хуҷанд, бо сафари корӣ  ҳайати гуруҳи меҳмонон, устодон, донишҷӯён ва мутахассисону санъаткорони Ҷумҳурии Мардуми Чин барои  маросими ифтитоҳи “Маркази байналмилалии тадқиқотии коргоҳи Мози”, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории муштараки ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи омӯзгории Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф фармуданд.

Бо мақсади амалисозии нақша - чорабинии “Маркази байналмиллалии тадқиқотии коргоҳи Мози”, дар шаҳри Хуҷанд,  семинари байналмиллалӣ барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии гузариш аз иқтисодиёти аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ба нақша гирифта шуда, инчунин оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавии бахши иқтисодиёти кишоварзӣ, экологӣ, татбиқи тиҷорати электронӣ, фарҳанг ва омӯзиши забони чинӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон,  дар чорабинии бахши фарҳангӣ  бо  шарикони муштараки чинӣ тасмим гирифта шуд, ки ,дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо иштироки дастаи ансамбли   ҳунарии Донишҷӯёни коллеҷи санъаткорони Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо рақсу суруд, оҳангу асбобҳои мусиқии халқӣ, намоиши либосҳои миллии чинӣ ва дигар падидаҳои фарҳангии  чиниро  пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Баъдан, ҳайати гуруҳи меҳмонони чинӣ дар  қисмати идомаи сафари корӣ аз макони таърихии бинои боҳашамати Қалъаи таърихии Хучанд гузар намуданд. Гуруҳи меҳмононро шахсони масъули муассиса пешвоз ва хайру мақдам намуданд. Сипас, Алишери Меҳринисо - роҳбалади муассисаи мазкур сайри илмӣ гузаронида  аз толорҳои намоишии он шинос намуд. Ба онҳо бештар толорҳои ҳавзаи илмию адабӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ, толори Истиқлол ва гӯшаи асбобҳои миллӣ , ки бо арзишҳои баланди санъати меъморӣ  оро дода  шудаанд, писанд  гардид.      

Дар идомаи сайри илмӣ, гуруҳи меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки бо санъати ороиши баланди миллии  қадимаи ниёгон сохта шудааст ва бо дастгоҳу асбобҳои ҳунарии дастӣ ошно гардиданд.Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд” ва ҳавлии ҳунармандони мардуми ба монанди ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ ва дигаре бозгӯи тарзи зиндагии гузаштагони қадимаро бо даврони рӯзгори аслии хеш мепайвандад диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Мусаллам аст, ки  чунин  баргузории чорабинии мухталифи барномаи фарҳангию фароғатӣ  ва ҳамдастии байни ду кишвари Тоҷикистону Чин, дар масири тақвият бахшидани муносибатҳои  дӯстӣ ва мустаҳкам намудани рушди ҳамкорӣ мусоидат  мекунад.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТақвият бахшидани рушди ҳамкорӣ
Scroll to Top