Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Беҳтарин мақоми низоми махфият

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 20-августи соли 2024 бо ибтикори Раёсати саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Суғд, дар толори бинои Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”,  барои шахсони масъулин ва кормандони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ семинари  омӯзишӣ баргузор гардид.

Мақсади чорабинии мазкур   омодаги ба  озмуни ҷумҳурияии “Беҳтарин мақоми низоми махфият” дар соли 2024 равона гардидааст. Бояд гуфт, ки семинари мазкур ин амалисозии барномаи давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушд додани донишҳои соҳавӣ, баланд бардоштани такмил ва мукаммал намудани савияи дониш  ва ҳавасманд намудани масъулони мақоми низомӣ, баҳри ҳифзи сирри давлатӣ, инчунин иштирок ба баргузории давраи якуми озмуни ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар семинари омӯзишӣ  ба озмуни ҷумҳуриявӣ, зиёда аз 120 нафар кормандон ва шахсони масъулини мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бевосита иштирок намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, дар ин семинари омӯзишӣ ҳалли мушкилиҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, фаъолияти кории масъулони мақоми низоми махфият, кормандони дорои рухсат ба сирри давлатӣ, инчунин бартараф намудани камбудию ҳуқуқвайрониҳо дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот баррасӣ ва муҳокима  гардиданд.

Дар фарҷом ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни семинари омӯзишӣ аз макони фарҳангию таърихии толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд дидан намуданд. Воқеан,толорҳои ҳавзаи илмию адабӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ, толори истиқлол ва бостоншиносӣ бо бозёфтҳои давраҳои гуногун аз ёдгориҳои таърихӣ,  ки ба кас ғизои маънавӣ мебахшад дидан намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.

Валӣ Набизод -  котиби маркази иттилоотии МД ФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБеҳтарин мақоми низоми махфият
Scroll to Top