Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тозагӣ - мароми мост

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Инсон дар рӯйи замин сарчашмаи ҳамаи  тозагию обокорӣ ва пешрафту комёбиҳои ҳаёт маҳсуб меёбад.  Дар тӯли ҳастии хеш тавассути ақлу идрокаш дарахту гулу гулбуттаҳо месабзонад, муҳити зистро тозаву озода нигоҳ медорад. Аз ин рӯ,инсон вазифадор аст, ки тозакорӣ  ва пок нигоҳдориро ҳатман риоя намояд. Тозагӣ ба инсон алоқамандии  зич дошта, ҳамчун маҳфумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо дониста мешавад. Инсоният дар ҳаёти рӯзмаррааш бояд, қарзи инсониро адо намуда вазифадор аст, ки табиат ва муҳити зистро тозаву озода нигоҳ дорад, зеро ки табиати инсон ба покиву тозагӣ ниёз дорад.

Ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, бахусус дарвозаи даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, ки бо як тарҳи замонавӣ сохта шудааст, бинандаро  аз шаҳрсозиву ободкорӣ буданаш мафтуни худ мегардонад, ки  бо асбоби фишорбаланди обпошак шустушӯ карда шуд. Зеро, ки ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони ватанию хориҷӣ барои истироҳат ва сайру гашт намудан аз боғи истироҳатӣ аз ҳамин дарвоза гузар мекунанд. Инчунин кормандон  дастаҷамъона дар дохили майдончаҳо, гирду атрофи роҳгардҳои боғи фароғатӣ барои тозаву озода нигоҳ доштан фаъолона иштирок намуда, аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза намуданд.Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза нигоҳ доштани тозагӣ ин  баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳамчун нишонаи маданияти ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи боғи истироҳатӣ ва сабзазоркунӣ мусоидат мекунад. Агар табиати муҳити зист ба шарте ки тоза бошад, дар ҳолати истироҳат сокинон барои дамгири назди фаввораҳо зери дарахтони сояафкан дам мегиранд, ки инсон аз худ хастагиро рафъ мекунад ва қобилияти кориаш аз нав барқарор мегардад.Дигаре бошад истироҳат накардан боиси кӯфтагӣ ва ё муддати дароз фароғат накардан муҷиби хастагӣ мегардад.

Албатта, ҳифз намудани табиат на танҳо дар боғи истироҳатӣ, балки тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зисти гирду атроф ба инсон вобастагии калон дорад ва қарзи ҳамешагии ҳар як фарди соҳибмаърифат ба шумор меравад. Дар ин радиф,  пайваста ҳар рӯзҳои шанбе таҳти унвони ”Тозагӣ-мароми мост”, ташкили маъракаи ҳашарӣ дастаҷамъона аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур  ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат хоҳад кард, гузаронида мешавад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТозагӣ - мароми мост
Scroll to Top