Ҳар миллату давлат дорои махсусиятҳое ҳастанд, ки онҳо дар навбати аввал аз мусиқии мардумӣ таҷассум меёбанд. Дар асоси эҷодиёти халқ ва раванди тараққиёти замона мавқеи созҳо ва асбобҳои мусиқӣ ташаккул ёфта он то ба имрӯз аз насл ба насл гузашта ба пешрафту дастовардҳои беназир ноил гаштааст.Бояд гуфт, ки арзишҳои миллӣ, мероси бой ва пурғановати фарҳангию таърихӣ ва адабии худро халқи тоҷик то имрӯз нигоҳ ва равнақу ривоҷ дода истодааст.
Ба ин хотир барои нигоҳ доштани мероси гаронбаҳои халқи тоҷик дар толори намоишии Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, гӯшаи намунаи асбобҳои мусиқии фарҳангӣ тоҷикон мавҷуд аст, ки дар қатори дигар созҳои мусиқӣ асбоби навозандагии нафасӣ бо номи “Шайпур”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст.
Шайпур сози нафасии қадимаи мусиқӣ буда, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ истифода бурда мешавад. Он аз найи дарози сохташ мисин, дарозиаш зиёда аз 1-м иборат буда, даҳонаш каме васеъ буда,овози ҷарангоси гӯшхарош дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз асрҳои V-IV то мелод шайпур чун сози мусиқии ҳарбӣ маъмул буда, дар қатори таблкарнай, нақора, сурнай ва ғ. ҳангоми амалиёти ҳарбӣ истифода бурда мешуд. Инчунин, дар даврони шӯравӣ шайпур асбоби созии низомӣ ба ҳисоб рафта аз ҷониби сафи ташкилоти пионерӣ дар чорабиниҳои ҷамъомади тантанавӣ наврасон бо нақора ҷӯр шуда онро менавохтанд.
Дигаре бошад, аз маълумоти сарчашмаҳо бар меояд, ки шайпур дар давраи ҳукмронии Искандари Мақдунӣ маъмул будааст. Илова бар ин дар аҳди Сосониён шайпурро бо садояш сипоҳиёнро ба корнамоӣ даъват мекардааст. Агар ба фарҳанги миллӣ назар афканем, чун сози нафиси ҷангӣ шаклҳои гуногуни шайпур ҳоло дар байни дигар миллатҳо ба монанди бо номи “Трембита”( Украини) ва “Тиримитас” (Литвони ), инчунин дар Аврупо бо номи”Трумбу” маъмул мебошад. Ҳоло бошад, дар замони ҳозира шайпур ба шакли қубури борик шинохта шуда, онро “Фанфара” меноманд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”