Санаи 09-10 августи соли 2024, бо роҳбарии Фахриддин Фузайлов-Директори ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” дар шаҳри Хуҷанд, дар толори бинои Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, семинар баргузор гардид.
Дар ин семинари мазкур бештар ҷавонони болаёқатманд зиёда аз 40 нафар иштирок намуданд. Мақсад ва ҳадафи семинар мастер- класси якум оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти медиа ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд, инчунин барои рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеа равона карда шудааст. Айни ҳол мастер - класси ҷолиб дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуда истодааст. Иштирокчиён аллакай чунин абзорҳоро ба монанди Kiingai, CopiIof ва дигаре аз худ намуданд. Дар идомаи мастер-класс бахши навбати барои фаъолияти ҷомеа бо ВАО баргузор хоҳад гашт.
Бояд гуфт, ки тӯли семинари омӯзиш иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Панҷакент, Зафаробод, Мастчоҳ, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамент ва Ҷаббор Расулов оиди ҳуқуқи инсон, муаммо ва роҳҳои ҳалли он навиштани лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва тартиб додани буҷаи лоиҳаҳо маълумоти бештар гирифтанд, ки дар оянда метавонанд, мустақилона кору фаъолият намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷамъбасти семинари мастер-класс аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”