Дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, бахшида ба 82-умин солгарди 7-умин қисмати симфонияи бастакори маъруф Дмитрий Шостакович чорабини баргузор гардид.
Дар ин чорабинии мазкур бо сарварии Мурдова Татьяна Геннадьевна - роҳбари Маркази фарҳангӣ ва илмии Русия дар Тоҷикистон, Вольф Сергей Владимирович-ноиб консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва меҳмонону донишҷӯён иштирок намуданд.
Мақсад ва ҳадафи чорабини ин ёдовар шудан аз муҳорибаҳои сахти Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-45 дар блокадаи “Ленинград”, ки соли 1942 барои ҳимояи хоки Ватан истодагарӣ намуданд , ки пахши сюжети кутоҳфилми хроникии симфонияи Шостакович садо дода буд.
Сипас, сарвари маркази фарҳанги илмии мазкур Мудрова Т.Г ҳамагонро табрику муборакбод намуда дар баромади хеш ибрози ақида намуд, ки дар муҳорибаи блокадаи “Ленинград” ҷанги шадид бар зидди гитлери фашистӣ дар қатори аскарони ҷангӣ аз байни дигар миллатҳо шоир - лирик Ҳабиб Юсуфӣ ва нависанда Ҳаким Карим аз кишвари Тоҷикистон ҷонфидоиҳо намуданд. Дигаре бошад, барои ҳимояи блокадаи “Ленинград”, инчунин Туйчӣ Эрджигитов аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд, кору пайкори Александр Матросовро идома дода бо унвони “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ”сазовор гардида буд, ёдовар шуд. Изҳор дошт, ки мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем ва нахоҳем кард.
Маврид ба зикр аст,ки 5-майи соли 1942 бо роҳбарии Самуила Самосуда дар театри калони операи шаҳри Куйбышев ((ҳозира Самара), қисмати 7-уми симфонияи Д.Шостакович садо дода буд. Хотиррасон намуд, ки чорабинии мазкур бахшида ба 82-умин солгарди яке аз бузургтарин симфонияи 7-умини муҳорибаи блокадаи “Ленинград” дар асри XX ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки симфонияи Д.Шостакович аввалин маротиба бо аҳли нишаст дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки оҳанги бастакор садо дод.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”