Шоми 08 - августи соли 2024 ҳайати меҳмонон бо сарварии муовини Сардори сарраёсати мубориза бар зидди маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, Аковченко Борис Валеривич бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти ваколатдори мубориза бар зидди маводи давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи маниятӣ дастаҷамъӣ ташриф фармуданд.
Меҳмононро чун анъана аз адаби суннатии меҳмоннавозии тоҷикона дар саҳнаи даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, и.в.Омири кулли муассисаи мазкур Абдусалом Шодибеков хайру мақдам ва пешвоз гирифт.
Сипас, меҳмононро роҳбалади дараҷаи олии муассисаи мазкур Мирзоева Иноятхон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронид. Ӯ аз омилҳои пайдоиши ёдгориҳои меъморӣ, тасвирӣ, нақшу нигор, ҷамъоварии маводҳои таърихӣ, ки дар макони фарҳангию таърихӣ ҷамъовари шуда ба гӯшаҳои толорҳо гузошта шудааст, маълумоти бештар дод. Ёдгориҳои таърихӣ мероси фарҳангӣ миллати тоҷик буда, хусусиятҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва мадании давраҳои гуногуни қадимаро инъикос менамояд.
Меҳмононро тасвирҳои нотакрори нақшу нигори ҳунармандони мардумӣ, ки бо санъати баланди ҳунарӣ тассвир шудааст ба худ ҷалб намуд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон дастаҷамъона дар назди бинои боҳашамати Қалъаи таърихии Хуҷанд барои хотира аксбардорӣ намуданд. Ба роҳбарияти муассиса аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои қабули пазироии шарқиёна миннатдори намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”