Дар асл мардуми тоҷик, ки яке аз қадимтарин мардумони рӯйи ҷаҳон мебошанд, ки дар масири таърихи башар бозаковату истеъдоди баланд ва ақлу таффакури қавии хеш тамаддуни фарҳангии ғанӣ ва ибратомӯзеро ба вуҷуд оварданд, ки ба пухта омода намудани таомҳои миллӣ мақоми сазоворе доранд.
Хушбахтона, дар ин радифи таомпазии миллӣ баъди барқарор ва азнавсозӣ аз ҷониби роҳбари ширкати ҶДММ ”Висол-2012” Шуҳрат Сангинов, ки дар мавзеи макони хушҳавои истироҳатии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”, нуқтаи савдои қаҳвахонаи замонавӣ бо номи ”SHASHLEEK” кушода шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаҳвахона бо 90 адад ҷойи нишаст барои мизоҷон хизмат хоҳад кард, ки табиати иқлим ва бахусус кишвари Тоҷикистон аз сабзавоту меваҳои гуногун ва дигар маҳсулотҳои ғизоӣ ғанӣ буда, аз ҷумла хӯрокҳои якум ва дуюм барои нисфирӯзӣ, хуришҳои миллӣ, нӯшокиҳои чойи гарм, шириниҳои тоҷикӣ( дисерт), сихкабоб ё шашлики тоҷикона 15 намуд ба монанди гӯшт, қима, ҷигар, мурғу моҳӣ ва самбӯсаҳои миллӣ, кулчаву нӯшобаҳои рангоранги ташнашиканро дӯст медоранд, пешкаш хоҳад гардид. Воқеан, дар баробари пухтани таомҳои миллии тоҷикӣ аз таомҳои дигар халқияту миллатҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Ба ин хотир, номи бисёр таомҳои миллӣ шабоҳати маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити табиӣ, риоя намудани қоидаҳои санитарӣ ва тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ошпазҳои маҳаллӣ дар ин қаҳвахонаи мазкур баҳри миҷозон омода ҳастанд. Ба ин на танҳо расму анъанаҳо ва таъми таомҳо балки шароити иқлим, макони барҳавои фароғатии боғи фарҳангӣ, барои сокинону меҳмонон ва сайёҳон дар ин шомгоҳон муҳайё гардидааст. Агар хоҳед, ки намуди беҳтарини таомҳои миллии тоҷикӣ хӯреду лаззату маззаи онро бифаҳмед, пас ба қаҳвахонаи беҳтарини Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан кунед, ки хело дастрас ва бомазза ҳастанд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”