Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гармоба

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл агар ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, маънои “ҳаммом” он ҷое, ки шустушӯй мекунанд, гармобаро ифода мекунад. Ёдовар шуд, ки  дар замони шӯравӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар  соҳаи коммуналию  хизматрасонии маишӣ либосшӯйхона, сехҳои таъмири пойафзол, козургарии химиявӣ (химчистка), сартарошхона, комбинати хизмати маишӣ ва инчунин дар маҳалҳо ҳаммомхонаҳо фаъолият мебурданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳаммомҳо дар ду баст, қариб ки истироҳат  намекарданд, бо ҳуҷраҳои алоҳида барои занону мардон ҷудо бо оби гарму хунук саҷокҳои махмалин, собуну шампун барои мӯйшӯи хизмат расонида  мешуданд. Лек, бо гузашти замон дар натиҷаи азнавсозӣ вайрон шудани сохтмонҳою биноҳо ва иншоотҳои куҳнашуда ва истифодаи мақсадноки  соҳаи хизматрасони, бахусус ҳаммомҳо қариб ки аз байн рафтанд.

Албатта, тақозои гузашта ва имрӯза ҳамавақт дар омӯзиш ва  таҳлил қарор дорад, он дар бораи анъанаҳо ва амалу қабули онҳо дар замони муосир мебошад, ки зеро анъана дар расму ойин, урфу одат, суннатҳо чун таҷрибаи гузашта  инъикосгар мебошанд. Масалан, дар замонҳои пеш ҳаммомбарон вуҷуд дошт ё саршӯён ҳам мегуфтанд, ки дар маросими пеш аз тӯйи арӯсӣ, дугонаҳои ҷамъомада арӯсро бо рақсу суруд ба ҳаммом мебурданд. Арӯс бошад ба ивази ин ба иштирокчиёни ҳаммомбарон рӯймолча ҳадя мекард, ки баъди ҳаммом маросими ҳинабандон сурат мегирифт.

Бояд гуфт, ки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, ноҳияҳои кӯҳистони Зарафшон, Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегину Дарвоз ҳаммомбарон бо номҳои саршӯёни арӯс то ҳоло вуҷуд дорад. Ё ба тарзи ҳаёти гузаштагон нигарем, обгардонӣ дар ҳаммом ”гармоба”-ро истифода мебуранд, ки яке аз усулҳои табобат дар тибби қадим будааст. Ба ақидаи табибони пешин ба гармоба касе ниёзманд аст, ки ба ситонидани оби гарми латиф эҳтиёҷ доранд. Касоне, ки дар гармоба обзанро ба кор мебаранд, пас он бояд бо андозае бошад, ки то пӯсташон сурх ва дамида нагардад. Инчунин, бо тавсияи табибони мардумӣ, варзишгарон ва нафароне, ки корҳои ҷисмониро анҷом доданд, то комилан баданашон  сард нашавад, ба гармоба даромадан қатъиян манъ аст. Баъди истироҳат андак ба ҳуҷраи гарм ба андозае чанд лаҳза бояд истод, то ки бадан ба ҳарорати ӯ мутобиқ гардад. Нафароне ҳастанд, ки фарбеҳ шудан мехоҳанд, баъд аз хӯрдани хӯрок ба гармоба даромаданро муфид мешуморанд. Одамоне, ки фақат нигоҳ доштани тандурустиро мехоҳанд, бояд пас аз истеъмоли ғизо ба гармоба дароянд. Набояд, баъди аз гармоба баромадан  чизи сардро хӯрд ё нӯшид. Дигаре бошад, нашояд якбора аз гармоба бо сари бараҳна берин рафт ва танро андар аз сардӣ эҳтиёт кард. Табибони мардумӣ бар ақиданд, ки гармоба гармиовар, сардовар, таркунанда, хушкафзо, судманд ва зиёнкор мебошад. Гармоба барои ҳал намудани он чӣ ҳал шуданаш мурод аст, рондани он чӣ аз тариқи табиат берун афканданаш муфид аст, нигоҳ доштани исҳол ва дур сохтани хастагӣ ёрӣ мерасонад. Агар ба гармоба  зиёдаравии бемаҳал бисёр гардад, дилро нотавон мекунад ва ба беҳушӣ оварданаш мумкин аст, ки моддаҳои оромро ҷунбонида ҷисмро камқувват месозад.

Гуфтан ба маврид аст, ки агар ба асарҳои нобиғаҳои тиб назар афканем, Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Абӯали ибни Сино дар бораи тозагии бадан, пок нигоҳ доштан, истифодаи манбаъҳои тибии бо мақсади гигенӣ ва табобат, оид ба тарзу усули истифодаи гармоба тавсияҳои хело муфассали манфиатбахш доданд.

Аз ин лиҳоз, шояд дар кишварҳои Шарқ, Эрон, Туркия, Самарқанд, Бухоро, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ва дигаре сабаби зиёд шудани гармобаҳо  бошад. Агар ба ҳаммомҳои Шарқ назар кунем аз ҳаммомҳои Юнони Қадим ва Рим бо ороишоти одӣ фарқ мекунад. Намудҳои маъмулан ҳаммомҳои Шарқ то ҳоло дар кишварҳои Осиё, Туркия, Бухоро бо номи “мӯрича” боқӣ мондааст.

Қобили зикр аст, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд солҳои 2002, дар мавзеи Панҷшанбе, паси маҷмааи ёдгории Шайх Маслиҳаддин , гармоба бо ном” мӯрича” фаъолият дошт, ки ҳуҷраҳояш бо суфраҳои тахтасанги васеъи барои муолиҷа гирифтан бо матоъҳои мулоими сафед пӯшида, зери пой ҳар ҷо- ҳар ҷо панҷарафарш густурда ва аз тағораҳои алюминии обгир истифода мебурданд, ки хело серодам буд.

Дар  гармобаи мазкур ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраи аввал, роҳравҳои борик ва ҳуҷраи  буғхона вуҷуд дошт, ки асосан бо ангиштсанг гарм карда мешуд. Дар ошёнаи дуюм бошад, чойхона ва ошхонаи “Мӯрича” машҳур  буд, ки  баҳри истироҳати мардум барои чойнӯшӣ ва таомҳои лазизи миллӣ пешкаши сокинон мекарданд.

Инчунин, намуди гармоба бо номҳои “Чоршанбе”, дар шафати кӯчаи Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, дар бозори “Афғонбозор”-и Панҷшанбе ва “Волна” дар соҳили рости дарёи Сири маҳаллаи 32-юм, дар ҷамоати деҳоти Ёва, деҳаи Унҷӣ, ҷамоати Ҳ.Усмон барин ба мардум хизмат мерасониданд. Ин намуди гармобаҳо одатан иншоотҳои нимзаминӣ буда аз якчанд толорҳо ба монанди либоскашӣ, гузариш ба ҳуҷраи буғхона, ҳуҷраи хурд иборат буданд. Пас аз се пайраҳаи хурди гузариши танг ба буғхона, сонӣ ба ҳуҷраи нисбатан хунук ва баъдан ба ҳуҷраи истироҳатӣ сохта шуда буданд. Асосан гармобаҳо дар назди бозорҳои марказӣ, ҷойҳои серодам ҷойгир  ва ба истифода дода мешуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди азнавсозӣ дар яке аз қисматҳои Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” намуди  ҳаммоми “Мӯрича”, баҳри тамошобинон аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ сохта ба истифода шудааст, ки ёдгориҳои хотироти гузаштаро бо имрӯз пайванд мекунад.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГармоба
Scroll to Top