Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Навбатдорӣ - масъулияти баланд дорад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҷараёни машварати навбатии корӣ бо мудирони шуъбаҳо ва фаъолони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов, оид ба навбатдории шахсони масъули муассиса боз як бори дигар истодагарӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки баъди азнавсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд, яке аз ҷойҳои тамошобоб ва макони муҳими сайёҳии шаҳри Хуҷанд гардидааст, ки шумораи тамошобинони дохилию  хориҷӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст.

Навбатдорӣ аз рӯи нақшаи таҳрезӣ гардида, новобаста аз рӯзҳои фарогирии иду айём, ҳамзамон шахсони масъул мувофиқи реҷаи корӣ бо навбат дар басти дуюм навбатдорӣ мекунанд, ки аз манфиат холӣ нест. Гуфтан ба маврид аст, ки навбатдорӣ  масъулияти баланд дорад, зеро ки масъулиятшиносӣ  бо мардум будани муассисаро нишон медиҳад. Масъулиятшиносии кормандони муассиса дар робита оид ба навбатдорӣ  хело баланд мебошад. Қобили зикр аст, ки сарфи назар роҳбарияти муассисаи мазкур дар ин самт назорати ҷиддӣ мебаранд, дигаре бошад ин  далели бебаҳси масъулияшиносӣ аз ҷониби навбатдорон ва муносибати дуюмин дараҷа надоштан аз ҷониби меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад, ки ба иҷрои рисолати хеш маҳсуб меёбад.

Дар ин раванди ҳамбастагӣ бо тамошобинон, айни замон дар масири тамошо намудан аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд аз меҳмонон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо риояи тозагию бехатарӣ эҳтиёткоронаву диққатназар ва ба талаботи кормандон итоаткор бошанд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНавбатдорӣ - масъулияти баланд дорад
Scroll to Top