Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърих

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоми 30-июли соли 2024 ҳайати гурӯҳи меҳмонон бо сарварии  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов Иброҳим Юлчиевич, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбон Ҳакимзода ва Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд  ташриф фармуданд. Меҳмононро намояндагони соҳаи кишоварзии  вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуда  бо мақсади боздид аз боргоҳи макони фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангии таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Меҳмонони олиқадрро шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов истиқбол ва хайру мақдам гуфт. Сипас, роҳбалади дараҷаи олии муассисаи мазкур Мирзоева Иноятхон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд сайри илмӣ гузаронид. Гуфтан ба маврид аст, ки меҳмонон аз бинои боҳашамати Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки бо санъати нотакрори  меъморию қадимаи таърихӣ қомат афрохтааст, истодагарӣ намуда баҳо баланд доданд. Дар идомаи сайри илмӣ меҳмонон аз толорҳои намоишӣ санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои нақшу нигори мардумӣ, ки аз хазинаи қадимаи мардуми халқи тоҷик оро дода шудааст, ошно гардиданд. Сониян, меҳмонон бо камоли эҳтиром ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти хешро ёддошт намуданд.

Инчунин,  меҳмонон аз чойхонаи миллӣ бо номи “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ва ҳавлии тоҷир, ки ҳар ҳавлии ҳунармандон бо саҳнаи ҳавлии орододашуда бо дарахтони меваафкан, гулу гулбуттаҳо маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор ва бо гузоштани дастгоҳҳои ҳунармандӣ иборат буда, тангкӯчаву паскӯчаҳои қадимаро ба худ боқӣ мондааст, ошногӣ пайдо намуданд. Бояд гуфт, ки ин ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ дар ибтидои бунёд хело сода буда бо мурури дидан  ба кас ҷадидтар метобад, ки бо санъати аҷдодии тоҷикон ба монанди ҳавлиҳои тоҷир, дуредгарӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва дигаре таҷассумгари ҳунари халқи тоҷикро аз наздик ҳикоят мекунад, дидан намуданд.

Дар фарҷоми боздид меҳмонон аз макони фарҳангию таърихӣ ва ба хотири  арҷгузории ёдгориҳои таърихӣ ба роҳбарияти муассисаи мазкур арзи сипос намуданд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАрҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърих
Scroll to Top