Яке аз толорҳои бисёр зебо, ки диққати сайёҳони дохиливу хориҷаро ба худ ҷалб мекунад, ин толори “Ҳавзаи илмӣ-адабӣ шаҳри Хуҷанд” мебошад.
Дар мобайни толор хуми ғалладона, ки ба асри VI-IV пеш аз мелод тааллуқ дорад, ҷой дода шудааст, ки солҳои 70-уми асри гузашта баъди гузаронидани ҳафриётҳо аз ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ёфт шудааст. Баландии ин хум 1,3 м ва танааш 1-метрро ташкил медиҳад.
Дар чор тарафи толор муҷассамаи се шоирони Хуҷандшаҳр ва як донишманди бузург академики Академияи илмҳои – физики давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Султон Умаров, ки хизматхои шоиста дар ҷодаи илм кардааст гузошта шудааст. Ин муҷассамаҳо аз тарафи Юсупов Юсуфҷон - аъзои иттифоқи рассомони Тоҷикистон, аъзои муссавирони академияи рассомони Тоҷикистон ва ҷоизадори ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст. Муҷассамаҳо аз маҳсулоти сохтмони замони муосир, яъне аз нахи шиша (стеклопласт) сохта шудааст. Баландии ин муҷассамаҳо 2,20м ташкил медиҳад.
Муҷассамаи аввал Шайдои Хуҷандӣ мебошад, ки аз авлоди адиб ва донишманди бузург фарзанди Мавлоно Фатҳуллоҳ аст. Исмаш Лутфуллоҳ, аммо бо унвонӣ “Эшони Шайдо” маъруф аст. Дар охири асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII рӯзгор ба сар бурдааст. Аз ҳамзамонони шоири машҳури туркизабони Мовароуннаҳр Бобораҳими Машраб мебошад. Шайдои Хуҷандӣ аз пайравони Баҳоуддини Нақшбанд ва пешвоёни ин тариқат дар аҳди хеш буд. Шеъри ӯ пур аз меҳру муҳаббат аст. Дар ғазалсароӣ ба Ҳофизи Шерозӣ Қосими Анвар, Толиби Омулӣ пайравӣ кардааст.
Шайдои Хуҷанди шоири соҳибдевон аст ва девони ӯ муштамил ба ғазалиёт, мухаммас ва рубоиёт буда, бештар аз панҷ ҳазор байт шеърро фаро гирифтааст.
Дигаре аз ин муҷассама ин Зиёуддини Хуҷандӣ мебошад, ки номи пуррааш Хоҷа Зиёуддин ибни Хоҷа Ҷалолуддин Масъуди Хуҷандӣ машҳур ба Зиёуддин Порсӣ ё Форсӣ мебошад. Мутаассифона соли таваллуди ӯ дар сарчашмаҳо зикр нагардидааст, соли 622 ҳиҷрӣ (1225 мелодӣ ) дар Ҳирот вафот кардааст. Вай марди донишманд ва шогирди Имом Фахриддин Розӣ мебошад. Зиёуддини Хуҷандӣ низ соҳибдевон мебошад.
Муҷассамаи дигар Садри Хуҷандӣ аст, ки номи пуррааш Садруддини Абдуллатиф ибни Собит (собит таваллудаш номаълум — вафоташ 1196), шоири форс-тоҷик. Ягона сарчашмае, ки дар бораи шоир маълумот медиҳад ин «Лубоб-ул-албоб» мебошад ва муаллифи он Муҳаммад Бухорӣ ӯро чунин васф кардааст; «Ва бо ин ҳама фазоилу шамоил ӯро шеърест матбӯъ ва дар тозию порсӣ ва назму наср қудрати ӯ комил». Ашъори форси (тоҷикии) ӯ дар баёзу тазкираҳо бисёр дучор меоянд, аммо намунаи осори насрӣ, ҳамчунин шеърҳои арабии шоир камёбанд.
Дигаре аз ин муҷассамаҳо ин Султон Умаров мебошад, ки аз физикдонони машҳури Хуҷандшахр аст. Ӯ номзади илмҳои физикаву математика (1936), доктори илмҳои физика ва математика (1948), профессор (1949). Академики Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон (1943), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1957, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон мебошад.
Дар ду тарафи толор, ду зертолори хурд мавҷуд аст. Дар самти чап шеърхову касидахо оиди шахри Хучанд ва Калъаи Хучанд инчунин дар зершишахо китобхо оиди таърихи шаҳри Хуҷанд ва ашёҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Дар дигар зертолори хурди тарафи рост гуфторҳои президент, муҳаққиқон, донишмандон ва нависандагон, ки дар асрҳои мухталиф умр ба сар бурдаанд, гузошта шудааст. Ҳамчунин, ду мусаввараи донишмандони Хучандшаҳр бо асбобҳои ихтироъ кардаашон яке Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дигаре Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842-1924) - олим, ситорашинос, ҷуғрофидон, харитакаш мебошад.
Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз дар илми таърих чун ҷугрофидон - харитакаш ихтироъкори 11-кураи арз бо андозаҳои гуногун машҳур мебошад. Дар рӯи тарҳи кураи арз қариб ҳазор номи ҷуғрофӣ ҷой гирифтааст. Дар хатти устувор шаклҳои ҳайвоноту парандагони бурҷи 12- гона тасвир карда шудааст. Кураи арзи Ҳоҷӣ Юсуф бо ин гуна иловагиҳо аз дигар Кураи арзи оддии таълимӣ фарқ мекард. Олимони илми ҷуғрофия Кураи арзро аз ҷиҳати илмӣ санҷида, ба хулоса меоянд, ки он аз ҷиҳати илмҳои ҷуғрофишиносӣ ва картографӣ бе каму кост сохта шуда, қобили қабул аст ва ихтироъкор сазовори таҳсин мебошад. Хабари аз байни мардуми маҳаллӣ баромадани чунин як ихтироъкорро то комиссияи олимони дарбори подшоҳи рус мерасонанд. Император Ҳоҷӣ Юсуфро ба қабули хоси худ даъват карда, барои Кураи арзаш ҳуҷҷати муаллифӣ медиҳад. Ҳамчунин ӯ соли 1896 ҳамчун мутахассис барои дар соҳаи обёрӣ муваффақиятҳои зиёде ба даст овардан, аз тарафи императори рус Николайи II бо медали миробии дараҷаи дуюм мукофонида мешавад.
Ҳоло аслии ин кураи арз дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии Самарқанд маҳфуз аст. Ходими калони илмии Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия Муҳаббат Пӯлотова чанд сол пеш Ҳукумати вилояти Суғд бо ирсоли як номаи расмӣ ба мақомоти Ӯзбекистон дархост кардааст, ки курраи арзро ба Хуҷанд баргардонанд, зеро муайян гардид, ки ин ихтирои олими тоҷики Хуҷандӣ аст. Дар Самарқанд ин муроҷиат рад карда шуд, вале амсилаи кураи арзро дар Чин созонда, ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд фиристонданд.
Толори дигари ҳавзаи илмӣ бо санъати наққошию гаҷкорӣ оро ёфтааст. Наққошӣ ва гаҷкорӣ ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои қадими санъати ороиши амалӣ ба ҳисоб меравад. Сақфи ин толорро наққошони номдори мамлакатамон Ахмедов Иномҷон бо як гурӯҳ шогирдонашон бо як истеъдоди баланд худ оро додаанд. Дар ин сақф наққошон асосан аз услуби ислимӣ, гулпартоӣ бисёртар истифода бурдаанд, ки онҳо ҳамдигарро такрор накардаанд. Муаллифи фарши толор Абдураҳими Абдураҳмон мебошад, ки бо истифода аз технологияи муосир кори бадеии нодирро ба анҷом расонидааст. Дар фарш зиёда аз 20 намуди чӯбҳои табии харранга истифода карда шудааст. Дар ин деворҳо бошад санъати гаҷкорӣ аз тарафи гаҷкорони машҳури маҳаллӣ бо роҳбарии Қодиров (Фозил) Сайдулло бо шогирдонаш оро додааст. Гаҷкорон дар ин девор аз услуби ҳандасавӣ ва асосан аз шакли офтоб хело васеъ истифода бурдаанд. Дар чор қисмати девор токчаҳои гуногунҳаҷм сохта шудааст, ки мардуми халқамон аз чунин токчаҳо хеле васеъ истифода мебурдаанд. Дар дохили токчаҳо якчанд намуди нигораҳо ҷой гирифта, онҳо ба асрҳои XIX-XX тааллуқ доранд. Дар чор тарафи толор 4 адад зершишаҳо ҷой гирифта, ҳар яки он ба мавзӯъҳои алоҳида бахшида шудааст.
Дар дохили зершишаи аввал, китоби “Девон”-и шоир Шайх Камоли Хуҷандӣ, гузошта шудааст, ки ба асри XX тааллуқ дорад ва китоби “Захират-ул-мулук”-и Мирсаид Али Ҳамадони ҷой гирифтааст, ки ба асри XVI тааллуқ дорад, .Ин китобҳо дастхат буда, бо хатти форсӣ китобат шудааст. Ғайр аз китоб дар дохили зершиша қаламдон, сиёҳидон ва шамъдон низ ба намоиш гузошта шудаас, ки онҳо ба охири асри XIX тааллуқ доранд.
Зершишаи дуюм, ба яке аз машҳуртарин ношир ва тоҷири китоб Ҳоҷи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ бахшида шудааст. Саҳми ӯ дар инкишофи маорифи тоҷик хело калон аст. Маҳз бо ташаббусу ибтикори ӯ зиёда аз 150 китоб нашр шудаст. Ӯ бисёртар китобҳоеро, ки марбут ба забон ва адабиёт аст, ба нашр мерасонид. Дар фонди осорхона зиёда аз 30 адад китобҳое, ки бо эҳтимоми Хоҷи Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ, ки дар матбааҳои гуногун ба табъ расидааст мавҷуд мебошад. Дар ин зершиша 4 адад китобҳо бо номи “Риёз-ун-носеҳин”, “Мантиқ-ут-тайр”, “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ, “Маснавӣ маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки ин шахс ба нашр расонидааст, гузошта шуда, ба аввали асри XX тааллуқ дошта, ҳамаи он чопи санги ва бо забони форсӣ навишта шудааст., инчунин китоб бо номи “Бунёдгузори нашри китоб ” ба намоиш гузошта шудааст. Ба ғайр аз китоб дар ин ҷо дастгоҳи китобдӯзӣ, чароғи сиёҳ, қаламдон ва доводдон , ки ба охири асри XIX ва аввали асри XX тааллуқ доранд, ба намоиш гузошта шудааст.
Дар дохили зершишаи 3-юм ашёҳои мисини мунаққаш ба монанди кӯза, офтоба, коса, чилкалид, мактубдон ва табақи сангине, ки ҳамаи онҳо навиштаҷот доранд ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар дохили зершишаи 4 ум, намунаи девони шоирони Хуҷандшаҳр гузошта шудааст. Аз қабили “Девон”и Камоли Хуҷандӣ, Зиёи Хуҷандӣ, Шӯхии Хуҷандӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Барандақи Хуҷандӣ, “Тазкираи шоирони Хуҷандӣ”-и Абдуманнони Насриддин.
Инчунин, дар толор, асари арбоби шинохтаи халқи тоҷик Ғафурҷон Ҷӯраев мавҷуд аст, ки “Асри тиллоӣ” номгузорӣ шудааст. Дар маркази мусаввара нақши амир Исмоили Сомонӣ офарида шудааст, ки савораи аспи сафед аст. Аспи сафед рамзи рӯшноӣ, сулҳу субот аст. Дар пасманзараи расм нишонаҳои тамаддуни Ҳахоманишиҳо тасвир карда шудааст, ин маънои онро дорад, ки марҳилаи якуми тамаддуни тоҷикон маҳз ҳамин давраи Ҳахоманишиҳо буд. Дар болотар тасвирнигораҳои қасри Афросиёб (а.6) тасвир шудааст, ки ин рамзи марҳилаи дуюми эҳёи тоҷикон аст. Марҳилаи сеюм ин тасвири шоҳи Сомониён мебошад. Дар ду тарафи мусаввара расми шоирону олимони тоҷик тасвир ёфтааст. Дар тарафи рост шоирон аз қабили: А.Рӯдакӣ, А.Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Умари Хайём ва Маҳастии Хуҷандию Низомии Ганҷавӣ. Дар тарафи дигар Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар паҳлӯяш Султон Валад писари Ҷ.Балхӣ, ки давомдиҳандаи кори падар буд, тасвир ёфтааст. Инчунин, Абулқосими Фирдавсӣ ва сармеъмори қасри Тоҷмаҳал Аҳмади Лоҳурӣ бо фарзандаш, ки аҷдодаш аз тоҷикон буд тасвир шудааст.