Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ПОЯИ РУШДИ ҲАМКОРӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки санаи 13-июли соли ҷорӣ Роҳбари дафтари давлати Швейтсария хонума Саломе Штайб, директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, баҳри гузаронидани як чорабинии бонуфуз ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд. Меҳмононро шахсан омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И. Пешвоз гирифта хайра мақдам гуфт. Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъияти “Равобит” бо роҳбарии телевизион ва радиои “Диёр” Фирӯза Мирҷумъаев баргузор гардид. Инчунин, дар чорабинӣ намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази таълимии – методӣ Юсупов Олимҷон ва намояндагони ВАО-и вилояти Суғд иштирок доштанд.

Мақсади асосии чорабини татбиқи микролоиҳаи иҷтимоӣ оид ба рушди соҳаи фарҳанг ва ба ин васила муаррифӣ намудани таърихи мероси куҳанбунёди халқи тоҷик ба меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ равона гардидааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи татбиқшаванда ин нигоҳ доштани мероси бою таърихӣ-фарҳангии Хуҷанди бостонӣ бо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва ҳифзи таърихи нотакрори мавзеъҳои қадимаи минтақа ба ҳисоб меравад.

Тавассути сайри илмӣ ин намоиши сайру гашти озодӣ аудиоӣ, роҳи нави шиносоӣ бо мавзеъҳои нотакрори таъриху фарҳанги қадима мебошад, муаррифӣ мекунад. Татбиқи ин микролоиҳа ба ҳар як сокинон ба бар намудани дастгоҳи махсуси гӯшдораки овозӣ ба истилоҳ “аудиоспектакл-променад” аз манзараҳои ҷолиб бо тариқи тасвирӣ зинда бо симои қадимаи шаҳр ва ҳунарҳои мардумӣ шиносоӣ менамояд, ки ба шунаванда ҷаҳони таърихро нақл мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки навоварӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аввалин буда, дар соҳаи таърихи фарҳанг барои наслҳои оянда мерос гузоштан аст. Сониян тариқи расмӣ лентаи рамзӣ аз ҷониби хонума Саломе Штайб барои ифтитоҳи чорабинӣ бурда шуд.

Кормандони муассисаи мазкур тасмим гирифтанд, ки дар оянда боз бо забонҳои чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва ғ. роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон ба директори Дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон аз хонума Саломе Штайб барои дастгирӣ ва рушди фарҳанг бо ҷиҳозонидани технологияи ҷадид изҳорӣ миннатдорӣ карда шуд.

Ёдовар шуд, ки минбаъд истифодабарии таҷҳизоти Аудиошунавоӣ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 18:00 ба роҳ монда мешавад.

В.Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПОЯИ РУШДИ ҲАМКОРӢ
Scroll to Top